Баробарии гендерӣ ва мубориза бар зидди тиҷорати инсон ҷузъе аз амният ва бехатарии воқеӣ мебошанд
Баробарии гендерӣ нақши муҳиммеро дар пешбурди сулҳу амният, рушди иқтисодӣ ва демократияи устувор иҷро менамояд. Ин ҷанба дар зимни яке аз усулу принсипҳои бунёдии САҲА ҷой дода шудааст, ки дастрасӣ ба амният ва бехатариро тавассути дастгирӣ намудани раванди иштироки бевоситаи занон дар тамои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди назар дорад.
Виорелия Русу, ки ба наздикӣ ба дафтари кории САҲА дар Тоҷикистон ба сифати корманди соҳаи Гендер ва Мубориза бар зидди тиҷорати инсон, шомил гардидааст, дар хусуси ташкил намудани корҳои марбут ба дастгирии тавонмандсозии занон ва бартараф намудани мушкилӣ ва монеаҳои дар роҳи мубориза бар зидди ғуломдории муосир дар кишвар ҷойдошта суханронӣ намуд.
Қаблан ӯ дар ҳайати ТҒД “Ла Страда” дар Молдова дар тӯли сездаҳ сол фаъолият дошт, ки ҳамоҳангсозии барномаҳои марбут ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар хона, расонидани кӯмак ба қурбониёни тиҷорати инсон, аз ҷумла раҳонидану наҷот додани онҳоро, ба ӯҳда дошт. Дар давоми якчанд соли охир, ӯ ба ҳайси мутахассиси соҳаи баланд бардории сатҳи тавонмандӣ дар дафтари кории САҲА фаъолият менамуд.
Он саргузашту нақлҳои муваффақиятборе, ки воқеан ҳам зиндагии занонро тағйир додаву беҳтар намудааст ва онҳое, ки ман онҳоро дар Марказҳои Манбаъҳои кории Занон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мегарданд, шунидаам, новобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта, маро дар корҳои ҳамарӯзаам рӯҳбаланду дилгарм менамоянд.
Занҳо дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон чӣ нақшеро иҷро менамоянд?
17% дар сади тамоми аъзои парлумонро занон ташкил медиҳанд ва он тарзе ки онҳо дар парлумон масъалаҳои марбут ба занонро матраҳ менамуданд ба таври хеле гуворо ҳайратовар буданд. Замоне ки ман бори нахуст ба Тоҷикистон омада будам, аз он огаҳӣ пайдо намудам, ки як гурӯҳи ҳаштнафараи занони маъруф аз зимни ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ, ба таври мунтазам якҷо ҷамъ шуда, масъалаҳои чигунагии баланд бардоштани нақш ва ҳимоя намудани манфиатҳои занонро дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ менамуданд. Ман аз он огаҳӣ дорам, ки як зумра занони сиёсатмадор дар ҳимоя аз қабул намудани Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар хонавода, ки дар моҳи марти соли 2013 тасвиб гардида буд ва инчунин дар таҳия намудани барномаҳои давлатӣ дар самти масъалаҳои баробарии гендерӣ, нақши ҳалкунандаеро иҷро намуда буданд.
Хадафи аслии фаъолияти Маркази Гендерӣ ва мубориза бар зидди тиҷорати инсон дар чист?
Маркази Гендерӣ ва мубориза бар зидди тиҷорати инсон дар самти расонидани кӯмакҳо дар расидан ба имкониятҳои баробар барои занон ва мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт фаъолият ва мусоидат менамояд. Ин марказ бо табақаи васеи ҳамшарикон дар самти ба роҳ андохтани лоиҳаҳо дар сар то сари Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани механизмҳои назорат ва мониторинги мутобиқати амалкарди ҳукумат бо ӯҳдадориҳои байналмилалии марбут ба баробарии гендерӣ ва расонидани кӯмак дар тарҳрезӣ намудани нақшаи миллии амалиёт дар самти мубориза бар зидди зӯроварӣ ва хушунат алайҳи занон, фаъолият менамояд. Яке аз нақшҳои муҳимми он ба баланд бардоштани сатҳи тавонмандиҳо дар маҳалҳо бахшида шудааст.
Дар соҳаи мубориза бар зидди тиҷорати инсон, ин дафтари корӣ барои беҳтар намудани малакаву маҳоратҳои кормандони ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба масъалаҳои мубориза бар зидди ин офати иҷтимоӣ машғул мебошанд ва ба мақсади баррасӣ намудани парвандаҳои тиҷорати инсон тавассути усулҳои ҳамоҳангшуда ва ба қурбониён равонашуда, мусоидат менамояд. Ин фаъолият барои эҷод намудани шабакаҳои роҳхатдиҳӣ ва муроҷиати маҳаллӣ ба мақсади ҳимоя намудани қурбониён ва мубодила намудани таҷрибаҳои пешқадам мусоидат менамояд. Баробарии гендерӣ барои тамоми ҷомеа манфиат меоварад.
Шумо мушкилӣ ва монеаҳои асосии занони Тоҷикистонро чӣ гуна тасвир ва арзёбӣ менамоед?
Мубориза бурдан бо қолибу стереотипҳои мавҷудаи ҷомеа кори осон нест. Аз ҳамин хотир ҳам баъзе аз фаъолиятҳои САҲА маҳз ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳли ҷомеа дар хусуси шинохтани аломату нишонаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва тиҷорати инсон равона карда шудаанд.
Ба мисли бисёре аз дигар кишварҳо, занони қурбонии зӯроварии хонаводагӣ ва ё тиҷорати инсонӣ, одатан ба канора кашида шудан, тамғаву доғдор гаштан аз ҷониби аҳли ҷомеа ва ҳатто аъзои оилаи худ дучор мегарданд. Одатан онҳо ягона роҳи оғоз намудани ҳаёти навро дар тарк намудани ҷомеаи худ медонанд. Ин як мушкилӣ ва монеаи бузурге мебошад, махсусан барои занони кӯдакдор, ки дар бисёр ҳолатҳо аз ҷиҳати молиявӣ ба хешу таборон вобаста мебошанд. Гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшиш менамоянд, ки ба қурбониён дар самти паси сар намудани доғдорӣ ва тамғагузорӣ, новобаста ба мард ё зан будани онҳо, тавассути расонидани кӯмаку ёриҳо, баҳри аз нав аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҷомеа баргаштани онҳо ва тавонманд гаштани онҳо, мусоидат намоянд.
Мубориза бурдан бо қолибу стереотипҳои мавҷудаи худ кори осоне нест. Аз ҳамин хотир ҳам баъзе аз фаъолиятҳои САҲА маҳз ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳли ҷомеа дар хусуси шинохтани аломату нишонаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва тиҷорати инсон равона карда шудаанд. Мисли чунин маърака ва чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ба онҳо аз кунҷи вайронкунии ҳуқуқи инсон, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот маҳдуд мебошад, нигаритса шавад. Мақсад аз эҷод намудани фарҳанги таҳаммулпазирии комил дар муқобили чунин зуҳурот аз як тараф ва мусодат намудани амали гунаҳкор нанамудан ва ҳимоя намудан аз тарафи дигар мебошад.
Таъсири қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила дар самти беҳтар намудани вазъи қурбониёни зӯровариҳои хонаводагӣ дар чист?
Қонуни мазкур навакак мавриди татбиқ қарор гирифтааст, вале мо аллакай мебинем, ки шумораи зиёди занон ба пулис в дигар хадамот барои гирифтани кӯмак муроҷиат менамоянд. Дар натиҷа бештари онҳо кӯмаку дастгирӣ ва ҳимояҳои заруриро дарёфт менамоянд. Ин нишонаи хубест ва исбот менамояд, ки занони бештар ва бештаре аҳамияти онро дарк менамоянд, ки зӯроварии хонаводагӣ набояд дигар таҳаммул карда шавад.
Марказҳои манбаъҳои кории занон. Ки таҳти сарпарастии САҲА фаъолият менамоянд ба занони деҳот чӣ гуна кӯмак мерасонанд?
САҲА ба 18 адад Марказҳои манбаъҳои кории занон (ММКЗ), ки дар сар то сари Тоҷикистон фаъолият менамоянд, кӯмаку дастгирии худро мерасонад. Дар тӯли се моҳи охир, ба 1094 нафар одамон кӯмакҳои равонӣ- психологӣ расонида шуда; 1079 нафар одамон аз маслиҳату машваратҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ баҳраманд гардиданд, инчунин 565 нафар дар омӯзишҳои дӯзандагӣ иштирок намуда, аз давраҳои омӯзишии компютерӣ ва саводомӯзӣ гузаштанд. Аксари онҳо занон буданд, вале дар байни онҳо мардон низ вомехӯрданд. Вохӯрӣ ва ҷаласаҳои тарғиботӣ дар байни занони минтақаҳои дурдаст аз ҷониби тамоми ММКЗ-ҳо ба мақсади боварӣ ҳосил намудан аз дастрасии ин хадамот ба ҳадди аксари одамон, ташкил ва гузаронида мешаванд.
Хизматрасониҳое, ки аз ҷониби Марказҳои манбаъҳои кории занон бо сарпарастии САҲА расонида мешаванд, на танҳо тағйирдиҳандаи ҳаёт, инчунин наҷотдиҳандаи ҳаёт низ мебошанд.
Он саргузашту нақлҳои муваффақиятборе, ки ман дар Марказҳои манбаъҳои кории занон бо сарпарастии САҲА шунидаам, нишон медиҳанд, ки онҳо воқеан ҳам зиндагии занонро тағйир додаву беҳтар намудааст ва онҳо дар ҳақиқат ҳам ба ман дар иҷрои корҳоям ба ман илҳом мебахшанд. Расонидани кӯмакҳои саривақтӣ, аз ҷумла кӯмакҳои равонӣ- психологӣ ва машваратӣ ба як зане, ки қурбонии зӯроварии хонаводагӣ дар шимоли мамлакат гардида буд, имкон дод, ки ӯ дубора ба ҳаёти оддӣ, баъди он ки кӯшиши худкушӣ карда буд, баргардад. Дар натиҷа он зан на танҳо шифо ёфтаву барқарор гардид, ӯ инчунин аз давраҳои омӯзишӣ-касбии назди Маркази манбаъҳои кории занон низ гузашт. Баъдан он зан кору бизнеси хурди худро ба роҳ монда, баъди чанде яке аз аъзои бообрӯ ва боэҳтироми ҷомеаи худ гардид. Он зан намунаи хубест барои дигар занон ва тарғиб намудани дигар заноне, ки аз ҳамон гуна мушкилиҳо ва азиятҳо гузаштаанд, дар тағйир додани ҳаёту зиндагии худ ва узви фаъол гаштани онҳо. Ман аз таҷрибаи шахсии худ дар кори наҷот додани қурбониёни тиҷорати инсонҳо дар кишвари Молдова медонам, ки ин намуд хизматрасониҳои Марказҳои манбаъҳои кории занон хеле муҳим ва муфид мебошанд. Дар баъзе мавридҳо он намуд хизматрасониҳо на танҳо тағйирдиҳандаи ҳаёт, инчунин наҷотдиҳандаи ҳаёт низ мебошанд.
Шумо вазъи баробарии гендерӣ ва тиҷорати инсонҳоро дар панҷ соли оянда чӣ гуна мебинед?
Ман як шахси хушбине ҳастам ва ман аз таҷрибаи қаблии худ ба ҳангоми фаъолиятам дар кишвари Молдова омӯхтаам, ки ҳатто он намуди ташаббусу иқдомҳое, ки дар марҳилаҳои аввал ғайриимкон менамоянд, агар каме дилгармиву нерӯ сарф карда шавад, ба осонӣ амалӣ ва татбиқ мегарданд. Ба ҳангоми фаъолият мо бояд манфиат ва хушии мардумро дар мадди назар ва мартабаи аввал гузорем. Ман аз кишварҳои зиёде дидан кардам, вале танҳо дар Тоҷикистон онро мушоҳида намудам, ки ТҒД-ии зиёде бар асоси ихтиёрӣ ва довталабона баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои инсон кору фаъолият менамоянд.