Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба хушунати хонаводагӣ тавассути пахши барномаҳо дар радио
Хушунати хонаводагӣ барои Тоҷикистон падидаи ҷиддие мебошад. Ҳукумати кишвар барои аз байн бурдани падидаи мазкур ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомеа рӯй меоварад.
Қонун оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила, ки соли 2013 аз ҷониби парлумони Тоҷикистон қабул гардида буд, ба қурбониёни зӯроварӣ умеди дастрасӣ ба ҳимоят ва дастгириро бахшид.
Дар доираи маъракаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба ҳуқуқи занон ва мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, барномаҳо, ки аз тарафи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дастгирӣ шуданд, тавассути радиоҳои мустақили Авис ва Исфара дар ноҳияҳои Истаравшан ва Исфара, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон пахш гардиданд.
Барномаҳои мазкур ба шунавандагон маълумоти умумиро оид ба қонунгузории миллӣ ва татбиқи он, ҳифзи оила ва ҳуқуқи оилавӣ ва инчунин дар бораи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар, ки дар ҷодаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ фаъолият мебаранд, пешкаш карданд.
Ҳамчунин коршиносон аз Марказҳои захиравии занон, ки аз тарафи САҲА дастгирӣ мешаванд, фикру ақидаҳои худро оид ба паҳлӯҳои мухталифи иҷрои қонун, дастрасии ҷабрдидагони хушунат ба ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва роҳҳову усули пешгирии хушунати хонаводагӣ баён намуданд.