САҲА сафари омӯзишӣ ба Гурҷистонро барои Алянси занони парлумон ва Шабакаи ҷавонон барои баробарии гендерӣ ташкил кард
Аз 17 то 20 июни соли 2024 ду узви маъруфи Алянси занони парлумон, ки бо масъалаҳои ҷавонон сарукор доранд, ва се узви Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендерӣ ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон сафар карданд. Ҳадафи ин сафар муошират ва дарки амиқи сиёсати ҷавонон, баробарии гендерӣ ва ширкати бештари занон дар сиёсат ва корҳои ҷамъиятӣ дар Гурҷистон буд. Илова бар ин, ҳадафи сафар баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён дар бораи ворид намудани ҷанбаҳои гендерӣ ба қонунгузорӣ ва сиёсати ҷавонон буд.
Иштирокчиён дар Тифлис ба Шӯрои доимии парлумонии баробарии гендерӣ, Кумитаи кор бо ҷавонони Парлумони Гурҷистон, Донишкадаи сиёсати Гурҷистон ва Котиботи ҳуқуқи башари Маъмурияти Ҳукумати Гурҷистон ташриф оварданд, то табодули таҷрибаи пешқадам дар самти иштироки сиёсии занон ва тавонмандсозии ҷавонон кунанд.
Онҳо инчунин бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Гурҷистон, Ассотсиатсияи рушд ва маорифи ҷавонони Гурҷистон ва Агентии ҷавонони Гурҷистон, ки дар соҳаҳои баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҷавонон кор мекунанд, ҳамкорӣ карданд.
Нино Тсилосани, раиси Шӯрои доимии парлумонӣ оид ба баробарии гендерӣ, аз истиқболи дуюми ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷрибаи беҳтарини Гурҷистон дар пешбурди баробарии гендерӣ ва иштироки сиёсии занон изҳори хушнудӣ кард.
Мавсума Муинӣ, Муовини раиси Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини раиси Парлумон изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон рушди устуворро ба манофеъи ҳарду давлат ва мардуми онҳо, бахусус дар самти инкишофи чавонон идома хоҳанд дод.
Пас аз боздиди омӯзишӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо ширкаткунандагон ҷиҳати таҳияи барномаҳое, ки ба танзими гендерӣ дар парлумон ва ҷалби ҷавонон ба таҳияи сиёсат нигаронида мешаванд, ҳамкорӣ хоҳад кард.