САҲА ба ҷавонон усулҳои пешгирии хариду фурӯши одамонро таълим медиҳад
Аз 25 то 27 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзиши серӯзаи роҳбаладон оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамонро доир намуд. Дар омӯзиш 20 нафар ҷавонон (ҳашт мард ва 12 зан) аз шаҳри Душанбе ҷамъ омада буданд.
Дар рафти омӯзиш иштирокчиён дарки аломатҳо, хатарҳо ва шаклҳои хариду фурӯши одамон ва дониши худро дар бораи он, ки чӣ гуна нобаробарӣ ва таассубҳои гендерӣ боиси хариду фурӯши одамон гардида метавонанд, такмил доданд. Онҳо инчунин тарзи гузаронидани чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба мавзӯъ, аз ҷумла тавассути усули “омӯзиши мутақобила”-ро омӯхтанд.
Курси таълимӣ ба омода кардани роҳбаладони ҷавони оянда нигаронида шудааст, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо барои гузаронидани семинарҳо дар минтақаҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ба ин васила пешгирии хариду фурӯши одамон дар байни ҷавонон дастгирӣ карда мешавад. Ин иқдом дар доираи кӯшишҳои густурдаи САҲА барои тавонмандсозии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.