САҲА тавонмандии додситонҳо ва муфаттишони Тоҷикистонро оид ба парвандаҳои марбут ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез тақвият дод
Аз 24 июл то 4 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкории зич бо Прокуратураи генералӣ ва Донишкадаи ҳуқуқшиносӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, се семинари серӯзаи баланд бардоштани савияи дониш дар мавзӯи «Ҷанбаҳои тафтишоти пешакии парвандаҳои марбут ба терроризм, ифротгароии хушунатомез ва маблағгузории терроризм» ташкил намуд. Дар семинарҳо 72 нафар прокуророн ва муфаттишони маҳаллӣ (1 зан, 71 мард) аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок намуданд.
Ҳадафи семинарҳо баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии иштирокчиён оид ба мушаххасоти тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ифротгароӣ, терроризм, маблағгузории терроризм ва қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ буд. Дар семинарҳо инчунин тарзу усулҳои мушаххаси гузаронидани тафтишот ва равандҳои боздошт барои ин намуди ҷиноятҳо, таъмини эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон баррасӣ шуданд. Ҷаласаҳои назариявӣ бо ҷаласаҳои интерактивӣ ва машқҳои сенариявӣ якҷоя карда шуданд, ки дар рафти онҳо иштирокчиён масъалаҳои техникӣ ва сенарияҳои алоҳидаро муҳокима карданд.
Семинари омӯзишӣ бахше аз дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, инчунин пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, ки ба терроризм оварда мерасонад (VERLT) дар доираи «Стратегияи миллӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм барои солҳои 2021-2025» мебошад.