Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Фаъолияти иқтисодӣ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавассути дастгирӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тиҷорат кӯмак мерасонад. Дафтар ин корро тавассути тақвияти ҳамкориҳои байни соҳибкорон дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳад. Дафтар барои ҷалби имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои марбут ба савдо ва тиҷоратро доир мекунад ва дар доир кардани онҳо ширкат меварзад. Рушди корхонаҳои хурду миёна яке аз асосҳои фаъолияти Дафтар дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ ва экологӣ мебошад. Якҷоя бо шарикони давлатӣ, САҲА дар минтақаҳо тренингҳои мақсаднок, бахусус барои муҳоҷирони баргашта, занон ва ҷавонон ташкил мекунад. Курсҳои мазкур ба такмил додани малакаҳои соҳибкории онҳо ва ба соҳибокорони мавҷуда ва эҳтимолӣ машварат додан оид ба андозбандӣ, литсензиядиҳӣ ва дастрасӣ ба молия равона мешаванд. Дар соҳаи мусоидат ба соддагардонии расмиёти савдо ва тавсеаи имконоти коммуникатсионӣ, Дафтар бо шарикони калидии Тоҷикистон дар робита бо талаботҳои СУС ва Созишномаи соддагардонии тиҷорат фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ба ин баргузор намудани тренингҳои баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи ҳамоҳангсозии савдо ва соддагардонии расмиёт дохил мешавад.