САҲА конфронси бахшида ба Стратегияи нави миллии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
27 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе конфронси баррасии вазъи иҷрои Стратегияи мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва муаррифии Стратегияи нави миллии мубориза бо коррупсия барои солҳои 2021-2030 баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар якҷоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар конфронс ҳудуди 110 нафар иштироккунандагон аз вазоратҳои мухталиф, прокуратура, адлия, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Теа Ҷалиашвилӣ, муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: “САҲА як платформаи муколамаро дар масоили сиёсӣ ва амниятӣ фароҳам оварда, дар мавқеи беназире қарор дорад, ки кишварҳои узви худро дар амалӣ ва татбиқ кардани моделҳо ва механизмҳои мубориза бо коррупсия дастгирӣ кунад. Ҳамкории қавӣ байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Факат бо саъю кушиши якчоя бо коррупсия мубориза бурдан мумкин аст. Ҳар як НЕ ба коррупсия - як ҲА ба шукуфоии кишварҳост”.
«Идома додани сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ, ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб, нишонаи ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ дар мубориза бар зидди коррупсия мебошад», - гуфт Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон. «Дар партави ин сиёсат дар Тоҷикистон ба масъалаҳои марбут ба коррупсия ва заминаҳое, ки ин амалро ба вуҷуд меоранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, аз ин рӯ, як қатор қонунҳо, консепсияҳо ва стратегияҳо таҳия ва ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сиёсати зидди коррупсия корҳои зиёде анҷом дода шудаанд».