Сафирони САҲА ба Осиёи Марказӣ ташриф оварданд
Аз 6 то 11 октябри соли 2019, ҳайати бисту якнафараи намояндагони доимӣ дар САҲА ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ташриф оварданд, то дастгирии қавии худро аз таҳкими ҳамкориҳои САҲА бо ҳар се кишвар тасдиқ намоянд.
Сафирон бо масъулини воломақоми давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе, Нур-Султон, Тошканд ва Самарқанд мулоқотҳо доир намуданд. Дар рафти мулоқотҳо онҳо иштироки САҲА-ро дар таҳкими субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи афзалиятҳо ва ниёзҳои ин кишварҳо табодули назар намуданд.
Муҳокима бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин 7 октябр ба масоили амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва радикализатсия ки ба терроризм натиҷа медиҳад, бахшида шуд. Дар Душанбе сафирон инчунин ба намоишгоҳи бахшида ба 10-солагии Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ, ки Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе мизбонӣ намуд, ташриф оварданд. Аз оғози он дар соли 2009, дар ин муассисаи таълимии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи САҲА беш аз 3000 намояндагони амнияти сарҳадӣ аз 45 Давлати узви САҲА ва 9 Давлати ҳамкор ширкат варзиданд.
Дар Қазоқистон сафирон бо вазири иттилоот ва рушди иҷтимоӣ Даурен Абаев, раиси коллегияи судии махсусгардонидашудаи Суди олӣ Ойгул Кыдырбаева, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Элмира Азимова ва муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон Жансеит Туймебаев мулоқот карданд.
Онҳо дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Афғонистон ва САҲА: тавсеаи имконот барои шарикӣ ва ҳамкорӣ”, ки 9 октябр дар Нур-Султон якҷоя аз ҷониби САҲА ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон доир намуда шуд, ширкат варзиданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ аз мусоидат намудан ба муҳокимаи пурмазмуни роҳҳои муттаҳид намудани кӯшишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баҳри густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон иборат буд, ки аз соли 2003 шарики осиёии ҳамкори САҲА мебошад.
Муҳокимаҳо дар доираи Мизи мудаввар инчунин ба масоили ҳамкории САҲА бо ин кишвар бахшида шуданд. Намояндагиҳои САҲА дар Осиёи Марказӣ барои татбиқи чорабиниҳо бо иштироки Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ин фаъолиятҳо асосан ба мусоидат ба идоракунии сарҳадӣ ва гумрукӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ нигаронида шудаанд.
Дар Ӯзбекистон сафирон бо раиси Сенат Танзила Норбоева, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Илҳомҷон Неъматов, раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Мирзо-Улуғбек Абдусаломов, директори Маркази миллии ҳуқуқи инсон Акмал Саидов ва ваколатдори ҳуқуқи инсон Улуғбек Муҳаммадиев мулоқот карданд.
Онҳо инчунин дар Самарқанд дар як мизи мудаввар дар бораи озодии ВАО дар Ӯзбекистон ширкат варзиданд, ки дар он рӯзноманигорон ва блогерҳои маҳаллӣ ҳузур доштанд. Чорабинӣ аз ҷониби агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммаи Дастгоҳи Президент баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни сафари худ, сафирон бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Ҳамоҳангсози лоиҳаи САҲА дар Ӯзбекистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Нур-Султон мулоқот намуданд.