Семинар оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва муаррифии Нақшаи амал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо таҳдидҳои террористӣ ба ҳадафҳои осебпазир
Аз 4 то 6 июли соли 2023 зиёда аз 25 нафар коршиносони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари таҳким кардани ҳифзи ҳадафҳои осебпазир – инфрасохтори муҳим ва объектҳое ки ба гурӯҳи объектҳои осебпазир дохил намешаванд, аз қабили ҷойҳои ҷамъиятӣ – аз ҳамлаҳои террористӣ иштирок намуданд. Семинарро Раёсати таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид ташкил кардаанд.
Яке аз рӯйдодҳои асосии семинар муаррифии Нақшаи амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими ҳифзи ҳадафҳои осебпазир аз таҳдидҳои террористӣ буд, ки яке аз натиҷаҳои Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳадафҳои осебпазир аз ҳамлаҳои террористӣ мебошад. Бо ин Нақшаи амал, муассисаҳои СММ ва дигар созмонҳо, аз қабили САҲА метавонанд дар ин самти муҳим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳамоҳангшуда таъмин намоянд.
«Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахшҳои муҳими худ, аз қабили сайёҳӣ, саноат, маориф ва нақлиётро идома медиҳад, муҳим аст, ки мо таҳияи чаҳорчӯби миллии ҳифзи ин бахшҳоро аз таҳдидҳои террористӣ дастгирӣ кунем. Ин барои саҳм гузоштан ҳам ба рушди амн ва ҳам устувори кишвар мусоидат хоҳад кард”, гуфт Рати Ҷапаридзе, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳобиддин Садриддинзод зимни суханронии ифтитоҳӣ аҳамияти ҳифзи ҳадафҳои осебпазир аз таҳдидҳои террористиро таъкид кард: «Таҳдидҳои умумии амниятӣ талошҳои муттаҳид ва ҳамоҳангшудаи минтақавӣ ва байналмилалиро тақозо мекунанд. Мисоли равшани амалии ин ҳамкории бомуваффақияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ ва ҷонибҳои дахлдори манфиатдор дар ташкили як силсила конфронсҳои сатҳи баланд дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм мебошад - платформае ки ба ҳамкории гуногунҷанба дар мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки ба терроризм (тундгароӣ) оварда мерасонад, мусоидат менамояд».
Дар ҷараёни машварати корӣ коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ усулҳои гуногуни таҳияи стратегияҳои муҳофизати объектҳои муҳимтарини инфрасохторӣ ва ҳадафҳои ба гурӯҳи бахусус осебпазир тааллуқ надошта, аз ҷумла ҷойҳои ҷамъиятиро баррасӣ карданд. Онҳо масъалаҳои чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ва сиёсатгузории миллӣ, амнияти иншоот ва шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо инчунин аҳамияти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро, бахусус дар ҳолатҳои бӯҳронӣ, ки боиси халалдор шудани кори хадамоти муҳимтарин ё рӯй додани ҳамлаҳои террористӣ мегарданд, таъкид карданд.