САҲА ба такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои об дар Бохтар мусоидат мекунад
Аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барномаи серӯзаи такмили ихтисосро бомуваффақият доир намуд, ки ба таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об нигаронида шудааст. Чорабинӣ дар шаҳри Бохтар баргузор шуда, 20 нафар мутахассисонро аз муассисаҳои гуногуни давлатии вобаста ба об дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон гирди ҳам овард.
Барномаи омӯзишӣ платформаи муҳимро барои табодули дониш ва таҷрибаи идоракунии об ва обёрӣ фароҳам овард. Дар он мушкилоти хозираи соҳа ҳал карда шуда, таҷрибаи пешқадам ва дастовардҳои асосӣ кайд карда шуд. Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён таҷрибаи амалӣ андӯхта, усулҳои муҳими таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии барои идоракунии самараноки об муҳимро омӯхтанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар роҳнамоии сиёсату амалҳои марбут ба истифода, ҳифз ва таъмини устувории об дар тамоми минтақа нақши муҳим мебозанд.
Чорабинии такмили ихтисоси мазкур дар доираи кӯшишҳои васеътари Дафтари барномаҳо оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Он яке аз якчанд ташаббусҳои омӯзишӣ мебошад, ки ба пешбурди устувории дарозмуддат ва тақвияти аҳамияти идоракунии стратегии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар минтақа равона шудааст.