САҲА ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор кард
11 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Вазорати энергетика ва идоракунии захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажиро баргузор намуд. Дар чорабинӣ 80 иштирокчӣ, аз ҷумла 57 мард ва 23 зан, намояндагони ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ, аъзоёни Комиссияи миллӣ, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва мутахассисони соҳаи об ҷамъ омаданд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён афзалиятҳо ва ҷузъҳои асосии Барномаи рушди бахши беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028, ки бо дастгирии коршиносони Дафтари барномаҳо дар соли 2023 таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Чорабинӣ инчунин барои ҷонибҳои манфиатдор барои табодули иттилоот оид ба пешрафти лоиҳаҳои сармоягузории ҷорӣ, ки ба технологияҳои инноватсионӣ ва нақшаҳо барои соли 2025 нигаронида шудаанд замина фароҳам овард.
Ташаббуси мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои пешбурди рушд ва навсозии бахши обёрӣ ва дренажӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим сурат гирифт. Он ба ӯҳдадориҳои васеътари САҲА дар бахши об мувофиқат мекунад.