САҲА доир ба гузаронидани омӯзишҳо оид ба ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия дастгирӣ менамояд
Рӯзҳои 11-12 ва 22-23 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ду омӯзишҳои дурӯзаро бо иштироки 38 намояндаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, аз ҷумла аз вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия, дастгирӣ намуд. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби ҳашт муаллими Академияи идоракунии давлатӣ (АИД) дар Душанбе дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомотҳои муқовиматкунанда ба коррупсияи АИД гузаронида шуданд.
Дар рафти машғулиятҳо иштирокчиён бо унсурҳои муҳими ҳуҷҷати асосии стратегӣ – «Стратегияи давлатии муқовимат ба барои давраи то соли 2030», инчунин қонунгузории миллӣ оид ба муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла Қонуни соли 2020 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Қонуни соли 2012 «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шинос карда шуданд. Дар омӯзиш инчунин ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва равонии коррупсия, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ташаббуси мазкур дар доираи дастгирии пайвастаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самарабахш ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт.