САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарон гирд меорад
Рӯзҳои 10 ва 11 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизи мудаввари дурӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, доир менамояд. Ҳадафи ин чорабинӣ гирд овардани 150 ҷавонписар ва духтарон дар баробари намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ мебошад. Ҳадаф мусоидат ба табодули дониш ва таҷрибаи пешқадами тавонмандсозии духтарон, бахусус дар деҳот ва пешбурди баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ( UNFPA), Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP), Созмони Милали Муттаҳид Занҳо ва Хазинаи байналмилалии фавқулоддаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор мешавад. Илова бар ин, намояндагони Сафорати Фаронса, Сафорати Британияи Кабир, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) низ ҳузур дошта, суханрониҳои ҳавасмандкунанда хоҳанд кард.
«Тибқи маълумоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон тақрибан аз ҳар панҷ як нафар духтар то ҳол мактаби ибтидоиро хатм накардааст ва аз ҳар даҳ духтар қариб чаҳор нафар мактаби миёнаро хатм намекунанд. Барои ҳамаи кишварҳо эътироф намудани ҳуқуқ ба таҳсил бо имкониятҳои баробар ва бидуни табъиз муҳим аст», - таъкид кард Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӯ афзуд, ки таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна барои ҳама кӯдакон, аз ҷумла барои кӯдакони сокини деҳот ҳатмӣ ва ройгон бошад. «Духтарон дар ҳифзи сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар кӯдакон нақши ҳалкунанда доранд», - иброз дошт Мансурӣ.
“Аз соли 2011 инҷониб Рӯзи байналмилалии духтарон дар саросари ҷаҳон бо ҳадафи эътирофи ҳуқуқи духтарон, таъкиди аҳамияти дастрасии баробар ба таҳсил, вазифаҳои роҳбарикунанда ва имкониятҳо, инчунин ҳимоят аз зиндагии озод аз табъиз ва хушунат таҷлил мешавад”, гуфт сафир Вилли Кемпел, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. “Дар чорабинии имрӯза, мо на танҳо мехоҳем, ки тавонмандии онҳоро таҷлил кунем, балки инчунин даъвати муштарак ба рафъи монеаҳо ва меъёрҳое ба амал меорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд”, афзуд сафир Кемпел.
Муҳокима дар мизи мудаввар ба муқовимат ба меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои мусбати гендерӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои духтарон барои дастрасӣ ба технология, таҳсил ва нақшҳои роҳбарикунанда бахшида мешавад. Ҷаласаҳои махсуси ба равишҳои баназаргирандаи масоили гендерӣ ба таҳсилот, ғизо ва тавонмандсозии иқтисодӣ, инчунин омӯхтани таҷрибаҳои беҳтарин барои пешбурди ҳуқуқи духтарон дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёти онҳо равонашуда гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, САҲА ва ниҳодҳои мухталифи СММ таҳти роҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оила нақшаи чорабиниҳои муштаракро оид ба татбиқи лоиҳа дар соли 2025 муаррифӣ хоҳанд кард.
Рӯзи байналмилалии духтарон барои нишон додани мушкилоте, ки духтарон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд ва ба тавонмандсозии онҳо ва иҷрои ҳуқуқҳои инсони онҳо мусоидат мекунад. Ин ташаббус бо талошҳои васеътари САҲА барои тавонмандсозии ҷавонон ва пешбурди баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад.