Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавсеаи имконоти занонро дар бахши об дастгирӣ кард
Рӯзҳои 27-28 сентябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои 27 нафар, аз ҷумла 4 мард ва 23 занон-узви Кумитаи тадорукотии Форуми занони ҳавзаи Сирдарё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти дурӯзаи омӯзишӣ баргузор намуд.
Ҳадафи омӯзиши дар шаҳри Хуҷанд баргузоршуда баланд бардоштани иқтидори Кумита ва ҳавасмандгардонии иштироки занон дар идоракунии захираҳои об буд. Иштирокчиён дар бораи ҳуқуқи байналмилалии об, дипломатияи об ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ фаҳмиши амиқ пайдо карданд. Илова бар ин, онҳо малакаҳои муошират ва ҳалли низоъҳои худро тавассути нақшбозӣ, гӯш кардани фаъол, омӯзиши мисолҳо ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ такмил доданд.
Омӯзиши мазкур ба фаъолиятҳои қаблии Дафтари барномаҳо дар идоракунии захираҳои об мувофиқат мекунад ва иҷрои ӯҳдадории онро оид ба пешбурди иштироки занон дар қабули қарорҳо ва дастгирии кӯшишҳои САҲА барои тавонмандсозии занон дар бахши обро нишон медиҳад.