САҲА барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳандозии посбонии бехатар ва муассири дарёҳо барои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон омӯзиш доир намуд
![](https://www.osce.org/files/imagecache/10_large_gallery/f/images/hires/c/c/576306.jpg?1726483372)
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ ду машғулияти Курси шиноварии наҷотбахш ва қаиқрониро баргузор намуд. Машғулияти аввали курси шиноварии наҷотбахш ва қаиқронии №5, аз 12 то 24 август ва машғулияти дуюми курси шиноварии наҷотбахш ва қаиқронии №6 аз 26 август то 7 сентябри соли 2024 баргузор шуд. Ҳар як машғулиятро 25 иштирокчӣ хатм карданд. Курсро ду коршиноси миллӣ роҳбаладӣ карданд, ки яке дар амалиёти шиноварии наҷотбахш ва посбонӣ дар қаиқҳо ва дигаре дар таъмири муҳаррикҳои гидрореактивӣ тахассус доранд.
Омӯзиш дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо истифода аз ҳавзи ҷамъиятии шиноварӣ ва дарёи Сир баргузор гардид. Пеш аз гузаштан ба шиноварӣ дар ҷараёнҳои душворгузари дарёи Сир курсантҳо усулҳои шиновариро дар ҳавз тамрин карданд. Барои омӯзиши қаиқронӣ иштирокчиён аз ду қаиқи сахти резинии бо муҳаррикҳои гидрореактивӣ муҷаҳҳазшуда истифода бурданд, ки Дафтари барномаҳо қаблан ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда буд. Барномаи таълимии ҳамаҷониба ҷанбаҳои гуногуни посбонии дарёҳо, аз ҷумла идоракунии қаиқҳои посбонӣ, паймоиш бо истифода аз харитаҳои коғазӣ ва электронӣ ва истифодаи усулҳои ҳаракати тактикиро дар бар гирифт, ки ба посбонии дарёҳо хосанд. Илова бар ин, курс таълими наҷотдиҳии бехатар ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ғарқшудагонро дар бар гирифт. Омӯзиш бо дарсҳо оид ба нигоҳдорӣ ва таъмири муҳаррикҳои гидрореактивии қаиқҳои посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом ёфт.
Ҳар як машғулияти курс бо маросими расмӣ оғоз мешуд ва анҷом меёфт. Дар маросимҳои ифтитоҳ ва хатми курс Юкка Туононен, Раиси Бахши сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳо ва Ҷон Кейси, Роҳбари лоиҳаи Таҳкими иқтидори посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо (PFCB2) иштирок доштанд. Дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур суханронон аҳамияти талошҳои Дафтари барномаҳоро дар таҳкими иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи самараноки сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистонро таъкид карданд.
Барномаи таълимӣ, ки дар доираи он 134 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш машғулият курси шиноварии наҷотбахш ва қаиқрониро бомуваффақият хатм карданд, таъсири назаррас дошт. Ин курсҳо дар доираи лоиҳаи васеътари Таҳкими иқтидори посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо (PFCB), ки дар марҳилаи дуюми он аз ҷониби Фаронса, Иёлоти Муттаҳида ва Олмон маблағгузорӣ карда мешаванд, доир гардида дастгирии байналмилалии таҳкими амнияти сарҳадро дар минтақа нишон медиҳанд.