САҲА барои ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва намояндагони ҳукумат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ омӯзиш доир намуд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ҳуқуқшиносон, равоншиносон аз Марказҳои захиравии занони аз ҷониби САҲА дастгиришаванда ва намояндагони ҳукуматҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҷабрдидагони он курси панҷрӯзаи омӯзишӣ доир намуд. Курс аз 12 то 16 августи соли 2024 баргузор шуда, дар он 53 нафар иштирокчиён пазируфта шуданд, ки 35 нафарашон зан буданд. Курси мазкур доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла қонунҳои дахлдор, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муроҷиатҳо ва кодексҳои гуногуни марбут ба зӯроварӣ дар оиларо дар бар гирифт.
Омӯзиш барои ҳуқуқшиносон ба шинос намудани иштирокчиён бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муроҷиатҳо ва масъулият дар таълиму тарбияи фарзандон нигаронида шуда буд. Илова бар ин, дар омӯзиш дар бораи кодексҳои гуногун, аз қабили Кодекси фарҳангӣ ва Кодекси манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Дар омӯзиш барои равоншиносон дарсҳо оид ба кор бо наврасони душвор, расонидани ёрии равонӣ, машваратҳои оилавӣ, арт-терапия ва истифодаи санҷишҳои равонӣ ва усулҳои роҳбаладӣ иборат буд. Иштирокчиён инчунин дар бораи истифодаи муколамаи Сократӣ ва гузаронидани машқҳои инфиродӣ барои муваффақ шудан ва пешгирӣ аз нокомиро омӯхтанд.
Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи ш.Душанбе Талифа Ибодова аз таҷрибаи мусбати худ нақл карда, арзиши ин курсро дар такмили кори худ ва дарки шароити равонӣ таъкид кард. Ӯ аз курси омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, самаранокии онро дар баланд бардоштани фаҳмиши худ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва дастгирии ҷабрдидагон таъкид кард.
Муқаддас Шодибоева, муовини раиси ҷамоати Ҳайдар Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳор дошт, ки дониши дар ҷараёни курс андӯхтаи худро барои беҳтар намудани робитаҳои худ бо ҷомеаи маҳаллӣ истифода хоҳад кард. Ӯ ғайрати тренерон ва имкони шиносоӣ бо тағйироту иловаҳо ба қонунҳоро, ки дар кори ояндааш арзишманд хоҳанд буд, қадрдонӣ кард.
Дафтари барномаҳо ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳоро тавассути шабакаи иборат аз 13 Маркази захиравии занони аз ҷониби САҲА таъсисёфта дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи «Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки идома дорад, аз ҷониби Норвегия, ИМА, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад.