САҲА семинари офиятбахшии тобистонаро барои наҷотёфтагон аз таркиши минаҳо/боқимондаҳои нотаркидаи ҷангӣ ташкил кард
Аз 1 то 15 августи соли 2024 Маркази миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар минтақаи осоишгоҳи Гулистони вилояти Суғд семинари дуҳафтаинаи тобистонаи офиятбахшии наҷотёфтагон аз таркиши минаҳо/боқимондаҳои нотаркидаи ҷангиро ташкил намуд.
Семинар 40 иштирокчӣ, аз ҷумла ҳашт занро ҷамъ овард, ки дар чорабиниҳои гуногун, аз қабили машваратҳои равонӣ, терапияи маърифатии травматологӣ, физиотерапия, арт-терапия, кӯмаки ҳуқуқӣ, машғулиятҳои оғознамоии тиҷорат ва фаъолиятҳои варзишӣ/фароғатии мутобиқсозӣ иштирок карданд.
Ҳадафи аввалиндараҷаи семинар таъмини офиятбахшии равониву иҷтимоӣ барои наҷотёфтагон аз таркиши минаҳо бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои ҷисмонӣ ва равонии бемории стресси пас аз осеби равонӣ буд. Илова бар ин, ин чорабинӣ ба наҷотёфтагон дар рафъи дарканормонии иҷтимоӣ ва халалдоршавии татбиқи ҳуқуқҳои онҳо кӯмак расонидааст.
Ин ташаббусҳо дар доираи дастгирии пайвастаи Дафтари барномаҳо аз кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рукни кӯмак ба ҷабрдидагон дар чаҳорчубаи амалиёти минаҳо дар асоси муқаррароти Стратегияи миллии зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030 ва Аҳдномаи манъи минаҳои зидди пиёдагард амалӣ мешаванд.