Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лагери тобистонаро барои ҷавонзанон ташкил намуд
САҲА аҳамияти занон ва ҷавононро дар нақшҳои роҳбарӣ эътироф мекунад ва ҳадафи он пешбарии ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар арсаҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар доираи ин талошҳо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз 6 то 9 августи соли 2024 Мактаби тобистонаи баробарии гендерӣ ва малакаҳои роҳбариро дар Баҳористони вилояти Суғд ташкил намуд.
Дар мактаби тобистона 30 ҷавонзан, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳафт ҳизби сиёсии ба қайд гирифташуда ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ пешбарӣ шуда буданд, пазируфта шуданд. Дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла мафҳумҳои баробарии гендерӣ ва роҳбарӣ, инчунин чаҳорчӯби ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалии марбут ба тавонмандсозии занон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Илова бар ин, ду баромади меҳмонон аз Иттифоқи занони судя ва Эътилофи “Де-Юре де Факто” даъват карда шуданд, то ба ҷавонзанони пешво мавзӯъҳои дахлдорро муаррифӣ кунанд. Иштирокчиён инчунин оид ба таҷрибаҳои беҳтарини рушди малакаҳои роҳбарӣ роҳнамоӣ гирифтанд, ки ба ҷавонон имкони рӯҳбаландкунандаи муошират бо занони пешвои муваффақ фароҳам овард.