Курси САҲА ба афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили малакаҳо дар таҳия, роҳандозӣ ва арзёбии барномаҳои таълимӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
2 августи соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси сеҳафтаинаи омӯзиши роҳбаладонро барои нуздаҳ афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд. Курсро ду коршиноси байналмиллалии тахассусӣ оид ба омӯзиши калонсолон ва банақшагирии машқҳои таълимии ҳарбӣ баргузор карданд.
Курси таълимӣ ба афсарони сарҳадӣ малакаҳои заруриро дар омӯзиши калонсолон, таҳияи барномаи таълимӣ ва усулҳои таълим фароҳам овард. Курси таълимӣ лексияҳо ва машқҳои амалиро дар бар гирифта, ба гузаронидани омӯзиши самараноки саҳроӣ бо услуби ҳарбӣ бо таваҷҷӯҳ ба бехатарӣ ва татбиқи амалӣ нигаронида шуд. Илова бар ин, ба афсарон таълим дода шуд, ки зеҳни сунъии тавлидкунандаро барои таҳқиқи мавзӯъҳои омӯзишӣ ва таҳияи маводи курс истифода баранд. Курс афсаронро барои таҳия ва гузаронидани омӯзиши муассир дар мавзӯъҳои мухталиф дар Қӯшунҳои сарҳадӣ омода намуд. Омӯзиши муассир барои касбияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода кардани мақомот барои вокуниши муносиб ба вазъи динамикии амниятӣ ва башардӯстона дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. То имрӯз 57 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Таҳкими иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо» (PFCB2) курси омӯзиши омӯзгоронро хатм карданд.
Робитаи мутақобилаи иштирокчиён мусбат буд ва бисёриҳо ба татбиқи усулҳои нави таълим ва малакаҳои таҳияи мундариҷа дар барномаҳои таълимии ояндаи худ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Онҳо дастурамал оид ба таҳияи барномаи таълимӣ ва баҳодиҳии омӯзишро махсусан барои вазифаҳои худ арзишманд донистанд. Ин аҳамияти амалии омӯзишро барои такмили касбии пайвастаи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад.
Дар маросими тақдими шаҳодатнома Татяна Туркан, Муовини роҳбари Дафтари барномаҳо, Юкка Туононен, Роҳбари Бахши сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳо ва Ҷон Кейси, роҳбари лоиҳаи PFCB2 иштирок доштанд. Татяна Туркан хатмкунандагони курси омӯзиши роҳбаладонро табрик гуфта, малакаҳои нав ба даст овардаи онҳоро дар таълими калонсолон, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва банақшагирии омодагии ҳарбӣ таъкид кард. Ӯ аҳамияти ин курсро дар таҳкими иқтидори институтсионалии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда, дастгирии донорҳои байналмилалии лоиҳа ва ҳамкориҳои пайвастаи Қӯшунҳои сарҳадиро эътироф намуд.
Курси омӯзиши роҳбаладон бахше аз марҳилаи дуюми лоиҳаи «Таҳкими иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо» (PFCB2) мебошад, ки аз ҷониби Фаронса, ИМА ва Олмон маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мешавад. Ҳадафи ин иқдом рушди маҳорати Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими тавонмандии онҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст.