САҲА ба ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои сарҳадии навоҳии Рӯшону Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амният ва идоракунии сарҳад мусоидат мекунад
Аз 15 то 20 июли соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 8 вохӯрии баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ доир намуд.
Ҳадаф аз ин вохӯриҳо огоҳ кардани аҳолии маҳаллӣ дар бораи таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амният аз Афғонистон ва аҳамияти саривақт хабар додани ҳар гуна ҳодисаҳои ғайриоддӣ ва шубҳаноки марбут ба амнияти сарҳадӣ буд. Дар рафти ин вохӯриҳо зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хонандагон, омӯзгорон ва сокинон (зиёда аз 50% онҳо занон буданд) дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарҳад фаҳмиши беҳтар пайдо карданд.
Дафтари барномаҳои САҲА ҳамчунин рақамҳои телефонҳои бовариро пешниҳод карда, беш аз 1000 тақвим чоп кардааст, то ба аҳолии маҳаллӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар гузориш додани ҳар гуна қонуншиканӣ дар минтақаи сарҳад бо Афғонистон кӯмак кунанд.
Мулоқот бо ҷамоатҳое, ки дар ноҳияҳои дурдасти сарҳадии наздики Афғонистон зиндагӣ мекунанд, метавонад маълумоти арзишмандро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии умумӣ дар бораи вазъият таъмин намояд. Огоҳонидани ҷамоатҳои сарҳадӣ дар бораи нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ барои амният, субот ва бехатарии маҳаллӣ муҳим аст.