Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сафари омӯзишӣ ба Босния ва Ҳерсеговина дастгирӣ мекунад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки иборат аз ҳашт афсарони сатҳи миёна ва баландпояи роҳбарикунанда буд, зимни сафари омӯзишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Босния ва Ҳерсеговина аз 1 то 7 июли соли 2024 дастгирӣ намуд. Сафар дар ҳамкорӣ бо Намояндагии САҲА дар Босния ва Ҳерсеговина, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербистон ва Вазорати федералии корҳои дохилии Босния ва Ҳерсеговина ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз сафари омӯзишӣ ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон додани мушоҳида ва омӯхтани мушкилоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Босния ва Ҳерсеговина ва роҳҳои ҳалли амалии онҳо дар самти ислоҳоти полис буд. Ҳадафи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани савияи дониши худ дар бораи таҳия ва татбиқи Қонун дар бораи полис ва корҳои дохилӣ ва татбиқи Дастурҳои САҲА оид ба фаъолияти полис дар асоси маълумоти иктишофӣ дар мақомоти корҳои дохилии Босния ва Ҳерсеговина буд.
Генерал Сафиало Азизуллозода, роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсия, барои боздиди муташаккили омӯзишӣ ва мулоқотҳои судманди корӣ бо раҳбарони сатҳи баланд ва миёнаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Босния ва Ҳерсеговина арзи сипос намуд. Ӯ арзиши омӯзиш дар бораи табдил додан аз милитсияи анъанавӣ ба хадамоти муосири ба ҷомеа нигаронидашуда ва хадамоти дар асоси маълумоти иктишофӣ фаъолияткунандаи полисро таъкид кард. Илова бар ин, ҳайат ба омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами марбут ба консепсияҳои ҳамкории полис бо ҷомеа ва фаъолияти ҳифзи тартибот дар асоси маълумотҳои иктишофӣ аз ҳамкасбони Босния ва Ҳерсеговинии худ таваҷҷӯҳи зиёд дошт.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди худ бо мақомоти мухталифи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербистон ва Вазорати федералии корҳои дохилии Босния ва Ҳерсеговина мулоқот анҷом дода, инчунин аз чанд воҳидҳои ташкилӣ дидан карданд, то бо салоҳиятҳо, амалиёт, сохтори фармондеҳӣ ва иқтидори хадамоти полис шинос шаванд.