Курси САҲА ба воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани малакаҳои ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
5 июли соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон як курси таълимии якмоҳаро таҳти унвони “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо” (SFOC) анҷом дод. Курс, ки аз 10-уми июн то 5-уми июл баргузор шуд, таҳти роҳбарии коршиноси миллӣ бо дастгирии панҷ ёварони роҳбаладони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Онҳо дар баробари таҳкими иқтидори устувори дохилии омӯзишӣ аз таҷрибаи маҳаллӣ истифода бурданд.
25 афсари воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаҳои худро дар таъмини амнияти марзи 1374 километрии Тоҷикистону Афғонистон такмил доданд. Курс, ки дар отряди Қӯшунҳои сарҳадии Қалъаи Хумби Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) баргузор гардид, мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла харитахонӣ, паймоиши замин, роҳёбӣ, разведка ва амалиёти амниятӣ, гузоришдиҳӣ, кӯмаки аввалия, мушоҳидаи шабона, кӯҳнавардӣ, амалиёти амнияти сарҳадӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсон ва арзёбии хатарро дар бар гирифт. Иштирокчиён инчунин бо нармафзори харитасозӣ ва таҳлили геофазоии Google Earth Pro шинос карда шуданд, ки барои банақшагирии амалиёти сарҳадбонӣ дар сатҳи тактикӣ кӯмак мекунанд.
Аз оғози курс дар соли 2018, дар маҷмӯъ 715 афсари воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо” (SFOC)-ро хатм карданд. Илова бар ин, зиёда аз 70 хатмкардагони курс баргашта, ба ҳайси ёварони роҳбаладони курси SFOC хизмат мекунанд ва дар гузаронидани омӯзишҳои дохилӣ оид ба тақвияти ин малакаҳои муҳим кӯмак мекунанд.
Рӯзи 5 июл дар маросими хатми курс Ҷон Кейси, Роҳбари лоиҳаи Таҳкими иқтидори посбонӣ дар маҳалҳо» (PFCB2)-и масъули курси “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо” (SFOC) «аҳамияти омӯзиши малакаҳои амалиро, аз қабили он, ки дар курси “Тақвияти иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо” (SFOC) таълим дода мешавад, дар таҳкими иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти бехатар ва самараноки сарҳадбонӣ, бахусус дар сарҳади аз ҷиҳати ҷуғрофӣ мураккаб ва аксаран хатарноки Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард. Ӯ бори дигар тааҳҳуди САҲА-ро барои мусоидат дар таҳкими иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи самараноки сарҳади Афғонистон ва вокуниши муносиб ба таҳдидҳои амниятӣ ва чолишҳои башардӯстонае, ки аз Афғонистон бармеоянд, таъкид кард. Азбаски марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз 60% тамоми марзи минтақаи САҲА бо Афғонистонро ташкил медиҳад, амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амнияти умумии кишвар, Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеътари САҲА аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Курси таълимии «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо» (SFOC) дар доираи марҳилаи 2-юми Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо» (PFCB2), ки аз ҷониби Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Дафтари барномаҳо амалӣ карда мешавад, гузаронида мешавад. Курси мазкур дар доираи кӯшишҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо барои таҳкими иқтидори вокуниш ба амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гарддид.