Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маъракаи иттилоотии «Ҷавонон зидди маводи нашъаовар»-ро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи иттилоотии «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дод. Ин маърака аз 5 то 26 июни соли 2024 мусобиқаҳои варзишӣ ва маросими ҷоизасупориро дар бар гирифт, ки дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳадафи ин маърака тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани нашъамандӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» буд.
Зиёда аз 5000 иштирокчиён, аз ҷумла ғолибон, иштирокчиёни озмун ва ташкилкунандагон аз Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд ва Душанбе дар ин маърака фаро гирифта шуданд. Дафтари барномаҳо тавассути пешниҳоди таҷҳизоти варзишӣ, тӯҳфаҳо, ҷоизаҳо, маводи чопӣ ва лавҳаҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовар дастгирӣ намуд.
Дилшод Баротиён, Сардори Шӯъбаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои Агентии мазкур аҳамияти ҳалли масъалаи нашъамандӣ дар ҷомеа ва ҳамкории зич бо сохторҳои дахлдорро барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ ва ҳифз намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таҳдиди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуд.
Натиҷаҳои пешбинишудаи ин маърака баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус ҷавонон дар бораи хатару оқибатҳои истеъмоли маводи мухаддир, ташвиқи афрод ба худдорӣ ё кам кардани истеъмоли маводи мухаддир тавассути баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва маърифатнокӣ ва сафарбар кардани аъзои ҷомеа, созмонҳо ва ҷонибҳои манфиатдор ба дастгирии ташаббусҳои муқовимат ба маводи мухаддир буд.