Сарони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси САҲА оид ба банақшагирии амалиётиро хатм карданд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар рӯзҳои охир курси таълимии дуҳафтаинаи сарони дидбонгоҳҳои сарҳадии мустақар дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баргузор кард. Омӯзиш аз 10 то 21 июни соли 2024 дар маркази таълимии «Пойтахт»-и ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ гузаронида шуд.
Ҳамагӣ бист нафар афсарони сатҳи миёна аз дидбонгоҳҳои гуногуни сарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар курси бошиддат ширкат варзиданд, ки дар он мавзӯъҳои гуногун, аз қабили банақшагирии амалиётӣ, посбонӣ, огоҳӣ аз минаҳо, баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми сарҳадбонӣ, истифодаи сагҳо ва тақсимоти захираҳо барои муҳофизати сарҳади давлатиро дар бар гирифт. Илова бар ин, дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои таҳлили хатарҳо, усулҳои муосири ҳифзи сарҳад, ҷамъоварии маълумот ва қабули қарорҳо бо назардошти таҳдидҳои ҷорӣ ва хусусиятҳои релеф баррасӣ карда шуд.
Курси мазкур дар доираи татбиқи бомуваффақияти Стратегияи миллии идоракунии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он барои солҳои 2010-2025 ташкил карда шудааст.