САҲА курси безарарсозии маводи таркандаро барои мутахассисони Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кард
4 майи соли 2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 15 нафар мутахассисони Вазорати мудофиава Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси дуҳафтаина оид ба безарарсозии маводи тарканда (Дараҷаи 1-2)-ро хатм намуданд.
Ҳадафи курси таълимӣ оид ба безарарсозии маводи тарканда (Дараҷаи 1-2) таъмин намудани иштирокчиён бо дониш ва малакаҳои зарурӣ барои иҷрои кору вазифаҳои онҳо ҳангоми амалиёти безарарсозии маводи тарканда аз ҷониби мутахассиси безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 1-2) мувофиқи Стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо (IMAS) буд.
Мавзӯҳои асосии дигар, ки дар курс фаро гирифта шудаанд, маводҳои тарканда ва назарияи маводҳои тарканда; неруҳои бакорандозии тарконакҳо ва навъҳои тарконакҳо; лавозимоти ҷангии хизмати рӯйизаминӣ ва бехатарии ҷараёни безараргардонии маводи тарканда; корҳои муҳофизатӣ ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ; иктишофи маводҳои тарканда; баровардани маводҳои тарканда; интиқол ва нигоҳдорӣ; усулҳои нобудсозӣ; идоракунии майдони безараргардонӣ ва нобудсозии маводҳои тарканда буданд.
Сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Юсуф Наимов аҳамияти ҳамкориҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, САҲА ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро қайд намуда, барои дастгирӣ ва татбиқи омӯзишҳои муштарак дар соҳаи коҳиш додан ва вокуниш ба хатари маводҳои тарканда дар доираи Барномаи ҳамкориҳои ҳамгирошуда дар коҳиш додани хатари лавозимоти ҷангии нотаркида арзи сипос намуд. Ӯ аҳамияти талошҳои муштарак ҷиҳати коҳиш додани хатари маводи тарканда ва корҳо барои фароҳам овардани муҳити зисти бехатар барои аҳолиро қайд кард. Полковник Наимов афзуд, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳамкориҳо дар ин самти афзалиятнок идома ва густариш хоҳанд ёфт.
Курси таълимӣ иқтидори омӯзиширо дар Вазорати мудофиа барои омӯзонидани кормандони он оид ба хатари маводҳои тарканда ва захираҳои идоракунии оперативӣ тақвият медиҳад. Он ба Вазорати мудофиа имкон медиҳад, ки рушди иқтидори дохилӣ ва интиқоли малакаҳоро дар шӯъбаҳои дахлдори худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ идома диҳад.