САҲА даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дастгирӣ мекунад
19 апрели соли 2024, дар заминаи баррасии ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафари гурӯҳи нозирони Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба Душанбе дастгирӣ намуд. Ҳамкории муштарак баргузории се ҷаласаи махсуси алоҳидаи гурӯҳи мониторингро бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони байналмилалӣ ва бахши тиҷоратиро дар бар гирифт.
Дар рафти ҷаласаҳо гурӯҳи мониторингӣ тафсилоти дар посух ба саволномаи мониторинг оид ба нӯҳ самти фаъолият гирифташударо мушаххас кард, маълумоти иловагӣ ҷамъоварӣ намуд ва натиҷаҳои пешакиро тасдиқ кард. Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионӣ дар моҳи ноябри соли 2023 саволномаҳои фарогири мониторингиро ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷонибҳои манфиатдори ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Ба ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ду моҳ вақт дода шуд, ки посухҳои худро пур карда супоранд.
Гузориш дар бораи мониторинг дар ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар моҳи сентябри соли 2024 қабул карда мешавад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба барномаи кӯшишҳои ислоҳоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия саҳм гузоранд, ки дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия низ пешбинӣ шудааст.
Фаъолият дар доираи кӯшишҳои пайвастаи Дафтари барномаҳо дар самти дастгирии кишвари мизбон барои пешрафт дар идоракунии самарабахш, татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ва мубориза зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.