САҲА лексияи стандартҳои байналмилалии мубориза бо коррупсияро барои донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дастгирӣ кард
18 апрели соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи маъракаи огоҳсозии зидди коррупсия дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як лексияро оид ба мубориза бо коррупсия дастгирӣ намуд.
Ҳудуди 20 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар ин лексия ширкат варзида, дониши худро дар бораи талошҳои мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи стандартҳои байналмилалӣ такмил доданд. Эрекле Урушадзе, таҳлилгари мубориза бо фасод дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар Парижи Фаронса дар ин бора маърӯза кард. Урушадзе дар иртибот ба миссияи мониторинги Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавриди иҷрои Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия ба Душанбе ташриф овардааст.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври 5-уми мониторинги Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Натиҷаҳои гузориши мониторинг, ки дар ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионӣ дар моҳи сентябри соли 2024 қабул карда мешавад, ба барномаи минбаъдаи ислоҳоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бо коррупсия таъсири қавӣ хоҳад дошт, ки дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия низ пешбинӣ шудааст.