Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз ҷаласаи Шӯрои ҳавзаи дарёи Қофарниҳон пуштибонӣ кард
17 апрели соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷаласаи 4-уми Шӯрои ҳавзаи дарёи Қофарниҳон як чорабинии нимрӯза баргузор намуд. Дар вохӯрӣ 46 нафар иштирокчиён (9 зан) аз ташкилотҳои хоҷагии об, муассисаҳои илмӣ ва шабакаи мутахассисони ҷавони соҳаи об ҷамъ омаданд.
Иштирокчиён дар бораи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба самтҳои он, раванди татбиқ ва сохтори нави иҷроия, ки вазифадор аст, захираҳои об дар кишварро идора кунанд, мубодила карданд. Онҳо дар бораи фаъолиятҳо ва дастовардҳои асосӣ дар минтақаи ҳавзаи Қофарниҳон, ҳамгироии фаъолияти ҳавза ба ташаббусҳои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақавӣ ва нақшаи маҷмӯии мусоидат ба устувории шабакаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.
Фаъолияти мазкур дар доираи талошҳои доимии Дафтари барномаҳо барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаи ислоҳоти бахши об мебошад. Он ҳамчунин ба ӯҳдадориҳои САҲА дар бахши об мувофиқат мекунад.