САҲА ба боздиди ҳайати Намояндагии Ҷопон аз Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда мусоидат мекунад
19 феврали соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз мизбонии сафари намояндагони боломақоми Ҳайати намояндагии Ҷопон хонум Ҳисако Ишизаки, Котиби якуми Сафорати Ҷопон дар Австрия; Хонум Тина Капица, Мушовир оид ба масъалаҳои созмонҳои байналмилалии Сафорати Ҷопон дар Австрия; Хонум Козуэ Араки, Котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Хироши Такизава, Консул/Котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Барномаи фарогири ҳамкориҳо оид ба безараргардонии маводи тарканда (ICExH) шарафёб гардид.
Ҳайати намояндагони боломақоми Ҷопонро дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи (REHTC) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юкка Туононен, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе; Полковник Анвар Ҳасанзода, муовини сардори Қӯшунҳои муҳандисии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полковник Сулаймон Қодирзода, Роҳбари рушди Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи (REHTC) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол гирифтанд.
Дар рафти боздид якчанд суханронӣ, баромадҳо ва муаррифии ҳамаҷониба ба гирифтани маълумоти арзишманд дар бораи ҷузъҳои гуногуни фаъолияти Марказ ва фаъолиятҳои омӯзишии ҷорӣ бо таваҷҷӯҳ ба стратегияи умумии рушди устувори Марказ ва таъсири васеътари Марказ ба таҳкими амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ имконият доданд.
Муҳокимаҳои интерактивӣ ва ҷолиб аҳамияти мавзӯъи коҳиш додани хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо, инчунин курсҳои дахлдори таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи васеътари Осиёи Марказиро таъкид карданд.
Меҳмонони боломақом кӯшишҳо ва ӯҳдадориҳои муштараки Барномаи фарогири ҳамкориҳо оид ба безараргардонии маводи тарканда (ICExH) ва Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаро (REHTC) дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар саҳмгузорӣ ба амният ва суботи минтақавӣ эътироф ва қадрдонӣ карданд.