САҲА барои баланд бардоштани иқтидори амалиётии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ду қаиқи мотории махсусгардонидашуда ҳадя кард
7 феврали соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ду киштии махсусро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои тақвияти тавонмандиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ҳадя кард. Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо оқибатҳои гуногунҷанбаи тағирёбии иқлимро идома медиҳад, кӯмаки САҲА ҳамчун намоиши аҳамияти ҳамбастагии байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва тасдиқи шарикии пойдор ба хотири ояндаи бехатар ва амнтар барои ҳама хизмат мекунад.
Қаиқҳои мазкур барои мусоидат кардан ба амалиёти фаврӣ ва муассир ҳангоми обхезӣ, ярч ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз онҳо аксаран ҷамоатҳои осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон азият мекашанд, пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки қаиқҳои ҳадяшуда бо қобилияти паймоиш дар дарёҳо ва зуд расидан ба манотиқи дурдаст тавоноии мақомотро барои наҷоти ҷони мардум ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба ниёзмандон афзоиш медиҳанд. Кӯмак дар доираи идомаи дастгирии мунтазами Дафтари барномаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани иқтидори амалиётӣ ва расонидани ёрии саривақтӣ ва касбӣ ба наҷотёфтагон расонида шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ба як қатор офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезӣ, сел ва заминларза хеле осебпазир аст, ки барои ҳаёт, воситаҳои зиндагӣ ва инфрасохтор хатари ҷиддӣ доранд. Ҳадяи қаиқҳо аз ҷониби САҲА эътирофи Созмонро аз зарурати таъҷилии таҳкими тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додан ва вокуниш ба чунин ҳолатҳои фавқулодда ва ба ин васила ҳифзи некӯаҳволии аҳолии он ва мусоидат ба суботи минтақавӣ инъикос мекунад.