САҲА курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
24 ноябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётиро барои 22 нафар афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон анҷом дод. Курси мазкур чорабинии калидии лоиҳаи «Таҳкими иқтидори посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо – Марҳилаи 2 (PFCB2)» мебошад, ки дар муддати солҳои 2023 ва 2024 амалӣ карда мешавад.
Курси сеҳафтаинаи таълимӣ аз ҷониби ду омӯзгори байналмиллалии дар асоси шартнома ҷалбшудаи соҳиби таҷрибаи банақшагирии амалиётӣ– яке соҳиби маълумот дар бораи амнияти сарҳадӣ дар контексти Иттиҳоди Аврупо ва FRONTEX (Фронтекс - Агентии Аврупо оид ба идоракунии ҳамкории амалиётӣ дар сарҳадҳои берунаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо) ва дигаре бо собиқаи кор дар намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва НАТО дар кишварҳо гузаронида шуд. Дар давоми курс иштирокчиён бо ҳафт марҳилаи раванди банақшагирии амалиётӣ, ки аз ҷониби намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳо истифода мешаванд, шинос шуданд. Барои ҳар як марҳила як давраи таълими синфӣ, ки дар ҷараёни он мафҳумҳо муаррифӣ карда шуданд, сипас машқҳои амалӣ гузаронида шуданд, ки дар рафти онҳо дастаҳои шунавандагон мафҳумҳоро аз рӯи сенарияи банақшагирии воқеии марбут ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва башардӯстона дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар амал татбиқ карданд. Шунавандагон инчунин амалиёти амнияти сарҳадӣ бо назардошти масоили гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ, ва нармафзори таҳлили геофазоии Google Earth ва харитасозро омӯхтанд.
Менеҷери лоиҳаи «Таҳкими иқтидори посбони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо – Марҳилаи 2 (PFCB2)» Ҷон Кейси дар маросими хатм бо сухани хотимавӣ аҳамияти малакаҳои нави банақшагирии амалиётии иштирокчиёни курсро дар кӯмак ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниши фаврӣ ва муассир ба ҳолатҳои мураккаб ва зудтағйирёбанда дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард. Пас аз хатми курс шунавандагон ба воҳидҳои ситодҳои мухталифи худ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва зерминтақавии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси такмилёфтаи таҳлили хатарҳо, банақшагирии амалиётӣ ва идоракунии ҳамгирошудаи сарҳад бармегарданд.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи САҲА «Таҳкими иқтидори посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо – Марҳилаи II (PFCB2) тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ», ки аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мешавад, сурат мегирад. Ин курс як қисми кӯшишҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо барои дастгирии тавонмандиҳо дар таъмини амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.