САҲА курси дуюми таълими роҳбаладон барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
15 декабри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълими роҳбаладонро барои 19 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон анҷом дод. Курси мазкур фаъолияти калидии лоиҳаи «Таҳкими иқтидори посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо – Марҳилаи II (PFCB2) мебошад, ки солҳои 2023 ва 2024 низ идома меёбад.
Курси сеҳафтаина аз ҷониби ду омӯзгори байналмиллалӣ тибқи шартнома таълим дода шуд, ки соҳиби таҷрибаи омӯзиши калонсолон ва таҳияи нақшаҳои таълимӣ буданд, - яке соҳиби маълумоти олӣ дар назария ва амалияи омӯзиши калонсолон ва дигаре соҳиби маълумот дар банақшагирӣ ва гузаронидани таълими дастаҷамъии ҳарбӣ ва машқҳои саҳроӣ. Иштирокчиёни курс афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки ҳоло дар сохтори таълимии институтсионалии худ ба ҳайси тренер/роҳбалад хизмат мекунанд ва афсароне, ки хоҳиши тренер/роҳбалад шуданро изҳор кардаанд. Курси мазкур бо мақсади такмили ихтисоси таълимии дохилии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, ба онҳо оид ба мавзӯъҳое, ки муайян кардани ниёзҳои таълимӣ, назарияҳои омӯзиши калонсолон, методологияҳои таълим, таҳияи нақшаҳои дарсҳо ва маводи муаррифӣ ва баҳодиҳии омӯзишро дар бар мегиранд, таҳия шудааст. Дар курс инчунин банақшагирӣ ва гузаронидани омӯзиши саҳроӣ ва омӯзиши дастаҷамъона барои нерӯҳои амнияти сарҳадӣ фаро гирифта шудааст. Барои нишон додани маҳорати худ ҳамчун роҳбалад, ҳар як донишҷӯ дар мавзӯи интихобкардаи худ омӯзиш таҳия карда ба донишҷӯёни дигар омӯзиш гузаронд.
Келси Ҳаррис-Смит, намояндаи дафтари Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ҷон Кейси роҳбари лоиҳаи PFCB2 дар маросими хатм бо сухани хотимавӣ суханронӣ намуда, аҳамияти малакаҳои навомӯхтаи иштирокчиёни курсро дар мусоидат ба такмили минбаъдаи иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд. Ин малакаҳои нав ба мақомот ҷиҳати бештар мутобиқ шудан ба мушкилоти динамикии амнияти сарҳадӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он рӯбарӯ аст, бахусус дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунад. Донишҷӯён пас аз хатми курс ба ҷузъу томҳои худ дар ҳайати Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд, ки қобилияти бештари муайян кардани эҳтиёҷоти омӯзишӣ, таҳия кардан ва гузаронидани омӯзиши онҳо ва арзёбии дастовардҳои иштирокчиёни омӯзишро доранд.
Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи САҲА «Таҳкими иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ», ки аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мешавад, сурат мегирад. Курси мазкур дар доираи кӯшишҳои чандсолаи Дафтар ҷиҳати дастгирии қобилияти таъмини амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.