САҲА ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои дастгирии пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон таҷҳизот тақдим кард
8 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳашт маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барқии бефосиларо тақдим намуд. Таҷҳизот барои муҷаҳҳаз кардани утоқҳои равоншиносони таълимӣ истифода мешавад, ки дар назди шӯъбаҳои ВКД дар саросари Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
Утоқҳои равоншиносони таълимӣ як усули нави пешгирии ҷинояткорӣ дар байни кӯдакону наврасон мебошад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон» ҷорӣ карда шудааст. Дафтари барномаҳо таҳияи қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, минбаъд низ ба бахши ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати истифодаи равишҳо ва усулҳои нави пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамкории Дафтари барномаҳо ва ВКД дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки ба имзо расида ва дар доираи лоиҳаи «Кӯмак ба полис» ҷиҳати дастгирии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон сурат мегирад. Дафтари барномаҳо минбаъд низ ба фаъолияти ВКД ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва баланд бардоштани зарфияти кормандони милитсия дар асоси принсипҳои идоракунии демократии полис бо таваҷҷӯҳи махсус ба кор бо аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.