САҲА форуми дуюми ислоҳоти пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рушди низоми маҳбасҳо нигаронида шудааст, дастгирӣ кард
23 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе анҷумани дуюми ислоҳоти маҳбасҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ба рушди низоми маҳбасҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.
Форуми мазкур бо кӯшиши муштарак бо Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор шуд.
Ҳадафи анҷумани дуюм баррасии масъалаҳои асосии марбут ба идоракунии самараноки ислоҳоти маҳбасҳо дар кишвар буд.
Коршиносон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ доираи васеъи масъалаҳоро - аз пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароие, ки ба терроризм дар муассисаҳо оварда мерасонад, то ҷорӣ намудани маҳрумкунии шартӣ аз озодиро баррасӣ карданд. Онҳо инчунин аҳамияти таҳкими чораҳои бехатарӣ ва амниятӣ дар муассисаҳои пӯшида тавассути табодули таҷрибаи пешқадам аз кишварҳои гуногун ва таҳияи як барномаи мукаммали офиятбахшӣ дар маҳбасро баррасӣ карданд, ки лоиҳаи Қонун дар бораи ҷазои шартӣ, инчунин воситаи офиятбахшии маҳбусон ва арзёбии хатарро дар бар мегирад, ки ба муайян кардани нақшаҳои инфиродии офиятбахшӣ ва ба ҷомеа аз нав шомил кардани (реинтегратсияи) маҳбусон нигаронида шудаанд.
«Дар доираи ӯҳдадории СММ оид ба муносибати инсондӯстона бо боздоштшудагон ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, давлатҳои узви САҲА ба стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ оид ба татбиқи адолати судӣ ва ҳуқуқи инсони шахсони боздоштшуда ӯҳдадор шудаанд», - гуфт Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Юкка Туононен. «Аз ин рӯ, созмон ба татбиқи Қоидаҳои ҳадди ақалли стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон («Қоидаҳои Нелсон Мандела») мусоидат мекунад. Асоснокии умумии ин қоидаҳо дар он аст, ки ба маҳбусон бояд эҳтиромона муносибат кард ва онҳо ҳамчун инсон қадр карда шаванд; ва ҳадафи ниҳоии маҳбас – яъне ҳифзи ҷомеа аз ҷинояткорӣ – танҳо дар сурате ба даст оварда мешавад, ки нигоҳдорӣ дар маҳбас барои омода кардани маҳбусон ба шомилшавии бомуваффақият ба ҷомеа ҳангоми озод шуданашон истифода шавад”, хулоса кард Туононен.
Пас аз анҷуман, бо дастгирии САҲА барои кормандони маҳбасҳо оид ба идоракунии самараноки муассисаҳои пӯшида тренинги дурӯза баргузор гардид.