САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳо ва таҷҳизоти маблағгузорнамудаи Иттиҳоди Аврупоро тақдим кард
24 октябри соли 2023 Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузоришудаи САҲА бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шуданд. Маросими тақдим дар Душанбе таҳти раёсати муовини Директори Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА Кэтрин Феарон, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муҳтарам Раймундас Кароблис баргузор гардид.
Ҳадя се мошини ёрии таъҷилии Toyota Hilux 4X4 ва ду худнавис (плоттер) барои чопи харитаҳоро дар бар гирифт. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки махсус барои мавзеъҳои кӯҳистонӣ мутобиқ карда шудаанд, бо лавозимоти мукаммали тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, то дар ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки таъҷилии аввалияро таъмин кунанд. Ин худнависҳо барои амалиёти саҳроии сарҳадбонони тоҷик, ки дар тӯли 1350-километрии марз бо Афғонистон адои хизмат мекунанд, истифода хоҳанд шуд.
Хайрияи мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи САҲА “Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад. Ҳадафи лоиҳа такмили ихтисоси ҳам Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад.