САҲА барои пешбурди ҳуқуқи шахсони дорои маълулият автомарафонро дастгирӣ мекунад
Аз 9 то 13 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо ҳашт созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо шахсони дорои маълулият ва шаҳрдории маҳаллӣ кор мекунанд, гузаронидани автомарафонро дар вилояти Хатлон дастгирӣ карданд.
Ҳадафи ин чорабинии оммавӣ таблиғи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон буд. Он нохияхои Кушониён, Балхӣ, Балҷувон, Темурмалик ва Восеъи вилояти Хатлонро фаро гирифт. Чорабинии мазкур ба роҳ мондани ҳамкории зич миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ва фароҳам овардани муҳити дастрас барои онҳо равона карда шудааст.
Ин чорабинӣ дар доираи дастгирии Дафтари барномаҳо ба кишвари мизбон дар татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба тасдиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад. Он бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Абилис (Финландия) амалӣ карда шуд.
САҲА дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешбурди ҳуқуқҳои маъюбон дар доираи кӯшишҳои васеътари худ дар самти иҷрои ӯҳдадориҳои САҲА ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон идома хоҳад дод.