САҲА курси таълимӣ барои масъулини ҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсонро дастгирӣ мекунад
Аз 12 то 14 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ (ВМКБ) тренинги серӯзаро барои масъулини мақомоти давлатӣ оид ба ҳуқуқи инсон ташкил намуд. Тренинг 23 нафар (15 зан ва 8 мард), аз ҷумла аз навоҳии дурдасти вилояти ВМКБ-ро фаро гирифт.
Курси таълимиро ду коршиноси миллии ҳуқуқи инсони соҳиби таҷрибаи ғанӣ дар ин соҳа бо таваҷҷӯҳи хоса ба гузоришдиҳии давлат ба мақомоти шартномавии ҳуқуқи инсони СММ, инчунин механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор намуданд. Ин дуюмин дар силсилаи се тренингҳо буд, ки Дафтари барномаҳо ба доир намудани онҳо барои масъулини ҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳо дар соли 2023 мусоидат мекунад.
Ин фаъолият як қисми Барномаи давлатии таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки соли 2022 қабул гардида, аз ҷониби Дафтари барномаҳо дастгирӣ мешавад. Он дар доираи фаъолияти васеътари САҲА дар самти таҳким ва пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла тавассути расонидани дастгирии техникӣ ба мақомоти ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешавад.