САҲА ташаббусҳои амнияти радиатсионӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Аз 2 то 6 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) форуми серӯзаи миллии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба барқарорсозии собиқ партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистон»-ро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташкил намуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳамкорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ аз навоҳии мавриди ҳадафи минтақа ширкат доштанд.
Форум барои иштирокчиён форуми табодули таҷриба ва маълумот оид ба татбиқи нақшаҳои чорабиниҳои маҳаллии бехатарии радиатсионӣ фароҳам овард. Он ҳамчунин имкон дод, ки натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф дар вилояти Суғд ҷамъбаст карда шавад.
Рати Ҷапаридзе, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ӯҳдадориҳои деринаи Дафтар оид ба амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ дар Тоҷикистонро таъкид кард. Ӯ гуфт: “Мушкилоти амнияти радиоактивӣ ва амнияти экологиро танҳо тавассути муколама ва ҳамкории зичи ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ҳал кардан мумкин аст. Мо интизорем, ки ин ҳамкориҳои муҳим дар марҳилаи III-и лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба барқарорсозии собиқ партовгоҳҳои уран дар Осиёи Марказӣ» тавассути ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо идома ёбад».
Илҳом Мирсаидзода, директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ қайд кард, ки ҳамоиш барои ҷонибҳои манфиатдор барои табодули иттилоот ва таҷрибаҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ як имконияти муҳим буд. Ӯ ҳамчунин аҳамияти фаъолияти Агентиро оид ба омӯзонидани аҳолии маҳаллӣ оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадафи Тоҷикистон таъкид кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар доираи лоиҳаи муштараки минтақавии САҲА ва Барномаи рушди СММ «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба барқарорсозии собиқ партовгоҳҳои уран дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд. Ҳадафи лоиҳа коҳиш додани хатари таъсири манфии партовҳои уран ба одамон, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва муҳити зист тавассути баланд бардоштани огаҳӣ ва дастгирии қарорҳои инсонмеҳвар (ба одамон нигаронидашуда), баназаргирандаи ҷанбаҳои гендерӣ ва хатарҳо мебошад.