САҲА шӯроҳои занонро оид ба баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таълим дод
Рӯзҳои 8-10 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар Ромит барои 16 нафар аъзои Ассотсиатсияи Шӯроҳои занон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги серӯза ташкил намуд.
Тренинг якчанд мавзӯъҳоро дар бар гирифт, аз ҷумла афзоиши иштироки занон дар пешгирии зӯроварӣ дар оила ва заминаи қонунгузории Тоҷикистон оид ба таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ. Дар тренинг инчунин истифодаи малака ва донишҳои касбии аъзоёни Ассотсиатсия оид ба баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ шуд.
САҲА ҷонибдори ҷорӣ намудани баробарии гендерӣ мебошад. Тренинг як қисми кори доимии Дафтари барномаҳо дар самти мусоидат ба иштироки баробари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон мебошад.