САҲА ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва олудашавии ҳаво мусоидат мекунад
Аз 19 то 22 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби экологии ҷавононро доир намуд. Дар чорабинии чоррӯза 25 нафар ҷавонон ширкат варзиданд, ки 14 нафарашон ҷавонзанон буданд.
Мактаби экологии ҷавонон платформаи муколама ва таҳқиқи мушкилоти глобалии экологӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба тағирёбии иқлим ва олудашавии ҳаво мебошад. Иштирокчиён тавонистанд робитаи байни ин ду масъалаи асосиро амиқтар дарк кунанд. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки дар намоишгоҳи технологияҳои каммасраф бо истифодаи нерӯи офтобӣ, аз ҷумла ошхонаҳои параболикии офтобӣ, системаҳои равшанидиҳии офтобӣ ва оташдонҳои каммасраф, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Замини хурд» пешниҳод шудаанд, иштирок намоянд.
Дар рӯзи ниҳоии чорабинӣ иштирокчиён «савганди экологӣ» дода ӯҳдадор шуданд, ки ба муҳити атроф ғамхорона муносибат кунанд ва ба ояндаи устувор саҳм гузоранд. Ҷаноби Мавлодод Абдуқодир, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар суханронии табрикотии худ ба ҳозирин нақши муҳими ҷавонони тоҷикро дар ҳалли мушкилоти экологӣ дар кишвар таъкид намуда, онҳоро ба идомаи ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳифзи иқлим даъват ба амал овард. Рати Ҷапаридзе, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, аҳамияти ҳалли мушкилоти экологӣ дар синни барвақтӣ таъкид карда, аҳамияти ҳалли мушкилоти тағйироти иқлимро қайд кард.
Чорабинии мазкур як қисми чорабиниҳое мебошад, ки дар Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди маориф ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудаанд. Дафтари барномаҳо дастгирии ташаббусҳоеро идома медиҳад, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба идоракунии самарабахши муҳити зист мусоидат мекунанд.