САҲА оид ба мубориза бо коррупсия дар идоракунии амнияти сарҳадӣ вебинар ташкил кард
25 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) вебинарро таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия дар контексти идоракунии амнияти сарҳадӣ» ташкил намуд. Дар чорабинӣ 15 нафар (8 зан, 7 мард) намояндагони мақомоти сарҳадӣ ва гумрукии 11 кишвари узви САҲА (Албания, Арманистон, Босния ва Ҳерсеговина, Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Литва, Молдова, Македонияи Шимолӣ, Полша ва Тоҷикистон) ҷамъ омаданд.
Вебинарро коршиносон аз Молдова роҳбаладӣ намуда, иштирокчиёнро бо муайян кардан ва коҳиш додани хатарҳои асосии коррупсионӣ дар сарҳадҳо, намудҳо ва таъсири коррупсия ва стратегияву тактикаҳои гуногуни мубориза бо он шинос карданд. Иштирокчиён бо доираи васеи омилҳои мусоидкунандаи коррупсия дар сарҳад маълумот гирифтанд ва чораҳои имконпазири муқовиматро омӯхтанд.
Вебинар сеюмин дар силсилаи семинарҳо оид ба амният ва идоракунии сарҳадот буд, ки аз ҷониби Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ (КҲРС) гузаронида шуд. КҲРС дар соли 2009 ҳамчун як платформа барои такмили ихтисос ва таҳкими тавонмандии насли нави мансабдорони воломақом ва роҳбарони соҳаи амният ва идоракунии сарҳадот таъсис ёфтааст. Он як қисми фаъолияти васеътари САҲА дар самти таҳкими иқтидори мақомоти сарҳадӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои байни онҳо мутобиқи Консепсияи САҲА оид ба амният ва идоракунии сарҳадот ва қарорҳои дахлдори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Давлатҳои узви САҲА мебошад.