САҲА курси таълимии “Таҳкими иқтидори амалиёти фаврӣ дар маҳал”-ро барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард
21 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси якмоҳаи таълимиро оғоз намуд. 25 нафар афсарони воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси таълимии «Таҳкими иқтидори амалиёти фаврӣ дар маҳал» дар Маркази таълимии минтақавии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок мекунанд. Курс аз ҷониби коршиноси миллӣ бо дастгирии ёрдамчиёни тренерони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда таҷрибаи маҳаллиро тавассути тақвият бахшидани иқтидори устувори таълимии дохилӣ ғанӣ мегардонад.
Курси мазкур ба иштирокчиён дар такмили малакаҳои марбут ба рисолати муҳими худ оид ба ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва ҳалли таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти башардӯстона, ки аз Афғонистон бармеоянд, кӯмак хоҳад кард. Мавзӯҳои асосии дар курс фаро гирифташуда харитахонӣ, топография, роҳёбӣ, амалиёт ва гузоришдиҳии иктишофӣ (разведка) ва амниятӣ, кӯмаки аввалия, мушоҳидаи шабона ва кӯҳнавардӣ, амалиёти баназаргирандаи ҷанбаҳои гендерӣ ва арзёбии хатарҳо мебошанд. Иштирокчиён инчунин бо нармафзори харитасозии геофазоӣ ва таҳлилии Google Earth Pro шинос карда мешаванд, то дар банақшагирии амалиёти амнияти сарҳадӣ дар сатҳи тактикӣ кӯмак расонанд.
Курси таълимӣ дар чорчӯбаи марҳилаи 2-юми Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (PFCB2)», ки аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Дафтари барномаҳо амалӣ мегардад, гузаронида мешавад. Ин курс як қисми кӯшишҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо ҷиҳати тақвияти иқтидори вокуниш ба таҳдидҳо ба амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.