Сафари омӯзишии аз ҷониби САҲА дастгиришуда ба Иттифоқи судязанони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами судяҳои испаниро омӯзанд
Рӯзҳои 13-15 июни соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шаш намояндаи Иттифоқи судязанони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Барселонаи Испания сафари омӯзишӣ ташкил намуд. Мансабдорони тоҷик аз ҳамтоёни испании худ таҷрибаи пешқадами беҳтар намудани дастрасии занон ва духтарон ба адолати судӣ, баланд бардоштани ҳассосияти гендерӣ дар ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати духтарон ва занон, аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ дар мурофиаҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро омӯхтанд.
Мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи судязанони Испания, Мактаби адлия, судяҳои Шаҳраки адлия, Институти занони Каталония ва дигар шарикон мулоқот карданд. Ҷонибҳо дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон ва Испания дар мавриди тағйироти қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва наврасон табодули назар карданд. Аъзоёни Иттифоқ инчунин ба Шаҳраки адлия ташриф оварда, бо кори судҳои гуногун ва шуъбаҳои дахлдори онҳо шинос шуданд.
«Принсипҳои муҳимтарини Ассотсиатсияи мо ин эътиқод ба феминизм ва кӯшиши анҷом додани тамоми кори аз дастамон меомада барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар Испания мебошад. Кишвари мо дар системаи судӣ мушкилоти зиёд дорад, аммо мо дар самти ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ ва афзоиши намояндагии занон ба натиҷаҳои зиёди мусбӣ ноил гардидем”, гуфт Изабель Ҳименес Гарсиа, узви Ассотсиатсияи судязанони Испания.
«Сафар ба аъзоёни Иттифоқ кӯмак кард, ки сохтори Ассотсиатсияи судязанони Испанияро омӯзанд ва бо таҷрибаи беҳтарини баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон, кӯдакон ва наврасон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, мубориза бо нобаробарии гендерӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон шинос шаванд. Мо умедворем, ки зарфияти судяҳои тоҷик дар баргузории курсҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва таҳлили таҷрибаи судӣ оид ба ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар низоми судӣ таҳким дода мешавад», гуфт Мавҷуда Пӯлодӣ, раиси Иттифоқи судязанони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттифоқи судязанони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе 30 майи соли 2022 таъсис ёфтааст. Иттифоқ аз 94 нафар занони судя, ки Судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олиро намояндагӣ мекунанд, иборат аст.