САҲА нахустин курси таълимии худро оид ба банақшагирии амалиётии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон оғоз намуд
17 апрели соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе нахустин курси таълимии худро оид ба Банақшагирии амалиётӣ барои бист афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Душанбе оғоз намуд. Курси мазкур яке аз чорабиниҳои калидии лоиҳаи «Тақвияти иқтидори патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маҳалҳо - Марҳилаи 2” мебошад, ки то солҳои 2023 ва 2024 идома хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни курси таълимии сеҳафтаина, иштирокчиён бо ҳафт марҳилаи раванди банақшагирии амалиётӣ шинос хоҳанд шуд. Барои ҳар як марҳила як давраи машғулиятҳои синфӣ бо муаррифии консепсияҳо ва баъд аз он машқҳои амалӣ гузаронида мешавад, ки дар рафти онҳо гурӯҳҳои иштирокчиён консепсияҳоро барои банақшагирии сенарияҳои воқеии марбут ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва башардӯстона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон татбиқ мекунанд. Иштирокчиён инчунин оид ба амалиётҳои сарҳадбонӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи гуманитарӣ ва нармафзори таҳлили геофазоии Google Earth таълим дода мешаванд.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ Ҷон Кейси, Масъули барномаҳои Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори хадамоти патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ»-и Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар бораи таърихи ҳамкориҳои САҲА бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва фаъолиятҳои тақвияти иқтидор, ки дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом дода мешаванд, нақл кард. Кейси ҳамчунин аҳамияти курси нави банақшагирии амалиётиро дар таъмини истифодаи самараноки малакаҳои навомӯхта ва таҷҳизоте, ки барои мусаллаҳгардонии воҳидҳои сарҳадбони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Афғонистон воридшаванда таъкид кард.
Омӯзишро ду роҳбалади байналмиллалӣ аз Босния ва Ҳерсеговина ва Руминия бо таҷрибаи банақшагирии амалиётӣ мегузаронанд. Ба онҳо ду тренери Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Курс то 5 майи соли 2023 идома меёбад.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи САҲА «Тақвияти иқтидори хадамоти патрулии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ», ки аз ҷониби Фаронса маблағгузорӣ карда мешавад ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мегардад, баргузор мешавад.