Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва САҲА дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сатҳи огоҳиро дар бораи идоракунӣ ва амнияти сарҳадӣ баланд бардоштанд
Аз 3 то 8 апрели соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар 7 ҷамоати сарҳадии ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишастҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳиро ташкил намуд.
Ҳадафи вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии маҳаллӣ аз кори муҳими хадамоти амнияти сарҳадӣ ва ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ дар ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти хатарҳои аз Афғонистон маншаъгиранда буд. Дар ҷараёни нишастҳои мазкур аҳолии маҳаллӣ инчунин дар бораи аҳамияти сари вақт огоҳ намудани мақомоти миллии сарҳадбон аз ҳодисаҳои ғайриоддӣ ва шубҳанок маълумот гирифт.
Дар чорабиниҳо зиёда аз 930 нафар шаҳрвандон – волидон, хонандагон, омӯзгорон, роҳбарони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки қариб нисфи онҳоро занон ташкил медиҳанд, иштирок намуданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар байни аҳолӣ 300 нусхаи чопии тақвимро бо рақамҳои телефони боварӣ тақсим кард, то ба шаҳрвандон имкон дода шавад, ки дар бораи ҳар гуна убури ғайриқонунии сарҳад дар маҳаллаҳои худ хабар диҳанд.
Зимни суханронӣ дар бораи ҳадафҳо Генерал Раҷабалӣ Маҳмадалиев, Коршиноси миллии САҲА гуфт: “Ҳамкорӣ бо ҷомеаҳое, ки дар манотиқи дурдасти марзӣ бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд, метавонад ба пайдо кардани иттилооте кӯмак кунад, ки огоҳии ҳамаҷониба аз вазъиятро афзоиш диҳад ва ба мансабдорон барои фарқ кардани ҳаракатҳои “оддӣ” ва ҳаракатҳои ғайримуқаррарӣ ё шубҳанок кӯмак расонад. Ҷамоатҳои сарҳадӣ бояд дар бораи нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ барои эҷоди амният, субот ва бехатарӣ дар маҳалҳо огоҳ бошанд”.
Полковник Ҳабибулло Сафаров, Коршиноси дигари миллии САҲА хотиррасон кард, ки: “Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар сарҳадбонӣ, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд ва васеъ истифода мешуд, бояд ҳамчун воситаи муҳиме ҳисобида шавад, ки дар он мақомоти сарҳадӣ метавонанд дар дохили ҷамоатҳои сарҳадӣ сатҳи огоҳиро дар бораи таҳдидҳои ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромарзӣ ва терроризм баланд бардоранд».
Вохӯриҳои мазкур дар доираи дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА аз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти идоракунӣ ва амнияти сарҳадӣ сурат гирифтанд. Ҳадафи мушаххаси он таҳкими эътимод ва густариши шарикӣ байни ҷомеаҳои маҳаллӣ ва хадамоти амнияти сарҳадӣ тавассути вохӯриҳои мунтазам, ки дар онҳо консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар сарҳадбонӣ муаррифӣ карда мешавад.