Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ Курси 34-уми худро барои ҳайати сарҳадбон ба анҷом расонд
24 марти соли 2023, Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ (BMSC) 34-умин курси худро барои ҳайати сарҳадбон ба анҷом расонд. Дар он 23 нафар кормандони сатҳи миёна ва боломақоми мақомоти амният ва идоракунии сарҳад, гумрук, муҳоҷират, корҳои дохилӣ, амнияти баҳрӣ ва агентиҳои назорати маводи мухаддир ширкат доштанд.
Онҳо чордаҳ кишвари узви САҲА ва шарикони ҳамкорӣ, аз ҷумла Озарбойҷон, Гурҷистон, Олмон, Юнон, Италия, Урдун, Молдова, Муғулистон, Македонияи Шимолӣ, Португалия, Словакия, Тоҷикистон, Таиланд ва Туркманистонро намояндагӣ карданд.
Курс аз 7 модули таълимӣ иборат буд. Барномаи таълимии курси асосӣ амният ва идоракунии сарҳадро дар заминаи консепсияи сеандозаи амнияти ҳамаҷонибаи САҲА фаро гирифта буд. Мавзӯъҳое, ки дар ҷараёни курс омӯхта шудаанд, мусоидат ба амният ва идоракунии сарҳад дар минтақаи САҲА, амнияти сарҳад ва моделҳои идоракунӣ, идоракунии ташкилӣ ва роҳбарӣ, инчунин малакаҳои асосии омӯзиш ва таълимро дар бар гирифтанд. Иштирокчиёни курс инчунин дар лоиҳаҳои тадқиқотии гурӯҳӣ, ки ба се андозагирии амнияти САҲА марбутанд ва фаро мегиранд, машғул буданд.
Дар доираи курс мизи мудаввар низ таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдиди хариду фурӯши одамон дар контексти амният ва идоракунии сарҳад» баргузор гардид. Чорабинии мазкур имкони беҳамтоеро барои баррасии таҳдиди хариду фурӯши одамон дар як форуми кушод бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз кишварҳои баромад ва таъиноти ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва созмонҳои байналмилалии дар ин соҳа фаъолияткунанда фароҳам овард.
Доктор Теа Ҷалиашвилӣ, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар сухани хотимавии худ ҳозиринро табрик гуфт ва афзуд, ки имрӯз марзбонон ва масъулини назорати сарҳадӣ таҳти фишори баланд бинобар низоъҳои давомдор дар минтақаи САҲА қарор доранд ва ӯ итминон дорад, ки дониши нав ба даст овардашуда малака ва тавоноии онҳоро такмил додааст, ки ба онҳо имкон медихад то ба ин тахдидҳои нав ба таври муассир вокуниш нишон диханд.
Беате Шмидт, муовини менеҷери сатҳи миёна ва иштирокчӣ аз Олмон ба Коллеҷ барои имконияти нодир арзи сипос кард ва гуфт, ки дар як синф гирд овардани намояндагони миллатҳои гуногун бо хусусиятҳои гуногун барои якҷоя кор кардан душвории аввалинро ба вуҷуд овард, аммо бо вуҷуди он ҷолибтарин қисми курс буд. Хонум Шмидт аз ҷаласаҳои Роҳбарият ва PNR/API дар баробари ҳама пешниҳодҳои дигар баҳра бурд ва гуфт, ки дониши андӯхтаашро барои бознигарии усули кории худ дар фурудгоҳ истифода хоҳад кард.
Элвин Оруҷов, Муовини сардори гумруки Озарбойҷон қайд кард, ки ин курс барои ӯ якумин имконият дар тӯли ҳаёт шуд, ки дониши касбии худро дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба сарҳад ғанӣ гардонад. Ӯ донишҳои муайянеро, ки дар курс омӯхтааст, аз қабили таҳлили SWOT, дар кори ҳаррӯзаи худ татбиқ мекунад. Ӯ инчунин арзиши барқарор кардани робитаҳои касбӣ ва дӯстиро, ки солҳои тӯлонӣ идома хоҳанд дод, қайд кард.
Ин курс марҳилаи дуюми таълимиро дар Коллеҷ барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ ба анҷом расонд.