Наҷотдиҳандагони тоҷик курси таълимии доирнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ анҷом доданд
17 марти соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии баланд бардоштани иқтидор оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ барои 20 нафар намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро хотима бахшид. Курси дуҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва тавонмандии наҷотдиҳандагон дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар минтақаи тармафароӣ, инчунин офиятбахшии осебдидагон пас аз тармафароӣ дар шароити душвори зимистон нигаронида шудааст.
Дар курси таълимӣ мавзӯъҳо аз қабили муайян кардани хусусиятҳои барф, сабабҳои ташаккулёбии тарма, омилҳое, ки ба дараҷаи хатари тарма таъсир мерасонанд, усулҳои муайян кардани дараҷаи хатари тармафароӣ, корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар минтақаи фаромадани тарма ва ёрии аввалия ба зарардида аз тарма фаро гирифта шуданд.
Машғулиятҳои назариявӣ дар Маркази таълимии Кумита дар ноҳияи Варзоб ва машғулиятҳои амалӣ дар минтақаҳои хавфи тармафароӣ дар ағбаҳои Уштур ва Майхӯраи ноҳияи Варзоб гузаронида шуданд. Курси таълимиро коршиносони маҳаллӣ аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Кумита баргузор карданд.
«Аз номи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мехоҳам ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъол ва саҳми арзандаашон ба курси бехатарӣ аз тармаҳо изҳори сипос намоям. Омодагӣ ва шавқу рағбати шумо муваффақияти тренинги моро таъмин кард”, гуфт Илгар Иброҳимли, Корманди калони маъмурии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Ман ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии молиявӣ ва ҳамкории судманд бо Дафтари барномаҳо дар ташкили ин курси таълимӣ барои наҷотдиҳандагони тоҷик миннатдории самимии худро баён мекунам».
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи САҲА оид ба босуботгардонии сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Ҳадафи лоиҳа таҳкими иқтидори касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои мубориза бо фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад.