Тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон дар маркази таваҷҷӯҳи конфронси САҲА дар Остона
4 ва 5 октябри соли 2022 дар Остона Конфронси минтақавии САҲА дар Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо хариду фурӯши одамон баргузор гардид, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар Душанбе ва Дафтари барномаҳо дар Остона дар ҳамкорӣ бо Дафтари Намояндаи махсус ва Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон ташкил карда шудааст.
Ҳадафи конфронс беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаромарзӣ байни ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ошкор, таҳқиқ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон буд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаҳо ва мушкилоти ҷорӣ дар талошҳои онҳо дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамонро баррасӣ намуда, табодули таҷрибаи беҳтарини кишварҳои узви САҲА дар самти баланд бардоштани вокуниши институтсионалӣ ба ҳолатҳои хариду фурӯши одамон карданд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ Валиант Ричи, Намояндаи махсуси САҲА ва Ҳамоҳангсози мубориза бо хариду фурӯши одамон гуфт: “Тафовут байни шумораи зиёди ҷабрдидагони тахминӣ ва сатҳи ниҳоят пасти тафтишот, таъқиб ва маҳкумиятҳо афзоиш меёбад. Барои тағйир додани вазъ ба мо лозим аст, ки бархӯрди ҳамаҷонибаро бо барҳам додани омилҳое, ки боиси пешниҳод ва талаботи модели тиҷоратии хариду фурӯши одамон мегарданд ва инчунин бо истифода аз тамоми воситаҳои мавҷуда барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон: аз истифодаи беҳтарини технология ва татбиқи қонунҳои мо то пайгирӣ кардани пул барои таъмини он, ки ҷиноят натиҷа надиҳад”.
“Бо назардошти фишори афзоянда ба Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи таъинот, транзит ва баромад, илҳом бахшидан ба амалҳои муштарак ҳангоми мубориза бо хариду фурӯши одамон аз ҳарвақта муҳимтар аст. Ин як мисоли равшани он аст, ки чаро мо ба усули бисёрҷонибаи муассир ниёз дорем: мушкилоти бузург, мураккаб ва умумӣ бо стратегияҳои умумӣ ва усулҳои бисёрҷониба беҳтар ҳал карда мешаванд”, таъкид кард Фолкер Фробарт, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона.
Теа Ҷалиашвилӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, таъкид кард, ки ин чорабинӣ як имконест “барои табодули таҷриба, баррасии мушкилоти таҳқиқи ҷиноятҳои фаромиллӣ, табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон”.
Иштирокчиён оид ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти муборизаи муассир бо хариду фурӯши одамон тавсияҳо таҳия намуданд.