САҲА ба равоншиносони Марказҳои захиравии занон ва мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон оид ба расонидани кумаки равонӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ омӯзиш доир намуд
Аз 11 то 14 август Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои равоншиносони Марказҳои захиравии занони (МЗЗ) аз ҷониби САҲА дастгиришаванда ва мақомоти маҳаллӣ курси таълимии чаҳоррӯзаро дар Душанбе доир намуд. Дар чорабинӣ 23 нафар равоншиносон ширкат доштанд, ки 22 нафарашон занон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон буданд.
Дар рафти курс шунавандагон дар бораи хусусиятхои равонии кӯдакони синну соли гуногун; кӯдаконе, ки дар оила шоҳиди зӯроварии хонаводагӣ мешаванд; психологияи кӯдаконе, ки ҷабрдидагони зӯроварӣ шудаанд ва чӣ гуна ба онҳо кӯмак кардан мумкин аст, маълумот гирифтанд. Дигар мавзӯҳои асосии дар чорабинӣ баррасишуда мушкилоти рафтор – бадрафторӣ ва қонуншиканӣ – нисбат ба худ, нисбат ба дигарон; муолиҷа тавассути санъат ва усулҳои он, ва ташхиси таҳлилӣ барои ошкор кардани зӯроварии ҷинсӣ.
Фотима Тоҷибоева, мутахассиси пешбари Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи вилояти Суғд гуфт: «Ҷалби мақомоти давлатии масъули татбиқи Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила тадбири саривақтист. Ин ба такмили Барномаи мазкур мусоидат мекунад». Ӯ афзуд, ки донишу малакаҳои андӯхтаашро ҳангоми расонидани машваратҳои равониву иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ истифода хоҳад кард.
«Азбаски кори равоншинос душвор ва нозук аст, баланд бардоштани мунтазами зарфият тавассути тренингҳо зарур аст. Курси таълимӣ, ки аз ҷониби САҲА ташкил шудааст, барои кор ва фаъолияти ҳаррӯзаи равоншинос хеле муҳим аст», - гуфт Барфия Шодиева, мушовири равонию иҷтимоии МЗЗ «Оксана» дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон. Ӯ афзуд, ки донишашро дар кори амалӣ истифода хоҳад кард.
Дафтари барномаҳои САҲА дастгирии ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» идома медиҳад. Дафтари барномаҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ да оила дар минтақаҳо тавассути шабакаи 14 Маркази захиравии занони аз ҷониби САҲА таъсисдодашуда дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.
Фаъолияти ҷорӣ дар доираи лоиҳаи МЗЗ-и Дафтари барномаҳои САҲА, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад.