САҲА афсарони воҳиди махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро оид ба таъмини устувории амалиёти фаврии саҳроӣ таълим медиҳад
12 июл дар дар Маркази таълимии минтақавии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 25 афсари воҳиди махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон давраи омӯзишии «Таъмини устувории амалиёти фаврии саҳроӣ»-ро шурӯъ карданд. Давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Таҳкими тавонмандии патрулҳои сарҳадӣ дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкориҳои минтақавӣ” гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса маблағгузорӣ шуда, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе онро амалӣ мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран, муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон полковник Кишваршо Хушвахтов, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Илгар Иброҳимлӣ ва роҳбари Шӯъбаи сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Юкка Туононен иштирок намуданд.
Сафири Фаронса Мишел Тарран таъкид кард: “Амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аврупоӣ низ мушкилоти ҷиддӣ аст, зеро ҳамаи онҳо ба як фазои минтақавӣ тааллуқ доранд. Аз ин рӯ, Фаронса тасмим гирифтааст, ки барои дастгирии барномаи таҳкими сарҳад таҳти роҳбарии САҲА гранти махсус диҳад».
Илгар Иброҳимлӣ, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: “САҲА мисли пеш ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии барномаи он оид ба идоракунӣ ва амнияти сарҳад уҳдадор мебошад. Мо итминон дорем, ки ҳамкории сеҷонибаи САҲА, Ҷумҳурии Фаронса ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои берун аз манотиқи сарҳадӣ кӯмак хоҳад кард, аз ҷумла пешгирии ҳаракатҳои ғайриқонунии фаромарзӣ, мубозриза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм, ифротгароии хушунатомез ва хариду фурӯши одамон мусоидат».
Полковник Кишваршо Хушвахтов ба САҲА барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ арзи сипос намуда, қайд кард, ки лоиҳа на танҳо фаъолиятҳои таълимӣ, балки дастгирии техникии таҳкими тавонмандии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар манотиқи сарҳадӣ низ дар бар мегирад.
Дар ҷараёни давраи омӯзишии чаҳорҳафтаина, иштирокчиён метавонанд малака ва дониши худро оид ба харитахонӣ ва пайраҳаёбӣ дар маҳал, расонидани ёрии аввалия дар ҳолатҳои захмёбӣ дар майдони ҷанг, посбонии тактикӣ, аз ҷумла усулҳои камуфляжи инфиродӣ ва гурӯҳӣ ва радиоалоқа мустаҳкам кунанд. Санадҳо ва қонунгузории миллӣ мурбут ба амнияти сарҳад, огоҳии гендерӣ, арзёбии хатарҳо ва навиштани гузоришҳои посбонӣ низ дар давраи омӯзиш таълим дода мешавад. Коршиносони байналмилалӣ кӯҳнавардии ҳарбӣ ва тамринҳои ҳаррӯзаи ҷисмониро роҳбаладӣ мекунанд.